Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Манос, “Шоҳнома”-и қирғизӣ
Дориюши Раҷабиён

Садо
Достони "Манос" аз забони Гулнора Қасмамбетова
Бисёре аз мардумони ҷаҳон барои миллати худ бунёнгузор ё, ба истилоҳ, “падар” қоиланд ва дар тавсифи падари миллати худ достонҳое сурудаанд. Номи бархе аз милал ҳам аз номи он падари устураӣ муштақ шуда, ба монанди “Ҳойостон” (Hayastan), ки номи бумии кишвари Арманистон аст, баромада аз “Ҳойк” (Hayk), ки бино ба афсонаҳо ва боварҳои мардумӣ, миллати арманиро гирди ҳам оварда ва сарзамини Арманистонро якпорча кардааст. Номи  порсии кишвари Лаҳистон (Полша) ҳам ба як чунин устураи ҳувиятсоз бармегардад; ба достонҳои мардуми ислов (славян) дар бораи ду бародар, ки яке Лех ва дигарӣ Чех ном доштанд ва ба тартиб миллатҳои лаҳистонӣ ва чекро поярезӣ карданд. Чаро аз қораи Омрико нагӯем, ки намунаи мутааххиртар аз итлоқи номи як фард (Amerigo Vespucci) бар як сарзамин ва саранҷом миллат аст.

Як чунин падар ё бунёнгузори миллат барои мардуми қирғиз Манос аст. Бо ин ки қирғизҳо акнун мавсум ба “манос” нестанд, яъне номи падари миллатро бар сарзаминашон нагузоштаанд, аммо ба бовари бисёре аз торихдонҳо, номи ин миллат ҳам ба устураи Манос бармегардад. Бино бар он ҳамосаи мардумӣ, Манос буд, ки чиҳил қабилаи парешонро гирди ҳам овард. Номи “қирғиз” баромада аз “қирқ”-и туркӣ ба маънои “чиҳил” аст ва “-из” пасванди ҷамъ дар туркии куҳан аст; яъне чиҳил тикка, ки Манос ба ҳам дӯхтааст.

«Манас дастаны» (“Достони Манос”) унвони ҳамосае фулклурик аст, иборат аз ҳудуди 500 ҳазор мисроъ, ки ба бовари гардонандагони китоби “Маноссароии қирғизӣ” (чопи Ландан), бузургтарин ҳамосаи манзуми мавҷуд дар ҷаҳон аст. Аммо коршиносон собит кардаанд, ки “Моҳобҳорото”-и сонскрит ва ҳамосаи “Гесоршоҳ”-и табатӣ ҳар ду ба далели теъдоди вожаҳо ва тӯли мисроъ бузургтар аз “Манос” ҳастанд. Ба ҳар рӯй, қирғизҳо ин ҳамосаро шиносномаи миллати худ медонанд ва қирғизҳои ошно бо “Шоҳнома” онро “Шоҳномаи қирғизӣ” мехонанд.

“Манос” достони се насл аз мунҷиёни қавми қирғиз аст, ки ҳар кадом ба шевае барои якпорчагӣ ва амнияти ин мардум фидокориҳое кардаанд. Аз ин рӯ, достони “Манос” иборат аз се бахш аст, ки ҳар як аз бахшҳои он ба яке аз ин се насл ихтисос дорад ва номи саромадонашон маъруф аст: Манос, Семитей (писари Манос) ва Сейтек (наваи Манос). Хостаи Манос, ки якпорчагии тамому камоли мардуми қирғиз ва амнияти марзҳояшон буд, танҳо дар поёни достон, дар авохири хонигарии Сейтек, ҳосил мешавад.

Дар конуни ин достон набарди мардуми қирғиз алайҳи мардуми Хутан (дар Чин) ва уйротҳои муғул қарор дорад, ки метавонад нуқтаи атфи ҷудоии қирғизҳо – дастикам дар офаридаҳои мардумӣ – аз соири ақвоми турку муғул ба шумор ояд. Мегӯем, “офаридаҳои мардумӣ” ё “фулклур”, чун ба бовари торихнигорони барҷастае чун Восилий Бортулд (Bartold), ҳамосаи “Манос” чизе беш аз “фузулии нописанду пучи торихсоз” набудааст. Ҷолиб инҷост, ки акнун яке аз навоҳии минтақаи худмухтори уйғури Синкиёнги Чин мавсум ба Манос аст.

Бар сари қидмат (куҳанӣ)-и ҳамосаи мардумии “Манос” баҳсҳо ҳамчунон идома дорад. Бисёре аз торихдонон ва забоншиносони қирғиз қидмати онро ба беш аз ҳазор сол пеш мебаранд. Аммо коршиносони ғайриқирғиз бо пайванди отифии камтар ба моҷароҳои “Манос” умри ин ҳамосаро басе камтар медонанд, бо ин иддаъо, ки рӯйдодҳои омада дар достон ба садаҳои 16 ва 17 мелодӣ бармегардад.

Достони “Манос”-ро ҳунармандоне мавсум ба “маносчӣ” иҷро мекунанд. Иҷрои он ба гунаест, ки маносчӣ дар миёнаи издиҳоме аз мардум нишастааст ва бидуни сози мусиқӣ, аммо бо адои мусиқоӣ, достонро таъриф мекунад. Матни ин бозгӯии достон дар даҳаи 1920 тағйир кард, то “Манос”-ро ба унвони достони ташаккули миллати қирғиз ҷилвагар кунад. Далели ин иддаъо нусхаҳое аз “Манос”-и садаи 19 аст, ки тавассути ховаршиносон сабт шуда ва тобеъияти қавмии Маносро “нуғой” зикр мекунад. Нуғойҳо яке аз ақвоми муғули зери фармони Чингизхон будаанд. Аммо дар даҳаи 1920 тобеъияти қавмии Манос ба “қирғиз” тағйир мекунад ва Манос ба унвони пешвои миллати қирғиз шинохта мешавад.

“Манос” имрӯза аз муҳимтарин ва роиҷтарин вожаҳо дар Қирғизистон аст ва ин ном ба ҳар баҳонае ба гӯши меҳмонони ин кишвар мехурад. Дар ҳар ҷашну ҷашнворае, ки дар ин кишвар баргузор мешавад, як ё чанд маносчӣ ба такрими ӯ менишинанд ва ҳамосаро бозхонӣ мекунанд. Аммо ин хонишҳо бо ҳам мутафовитанд; ба гунае, ки яке аз онҳо метавонад 200 ҳазор мисроъ дошта бошад ва дигарӣ аз марзи 500 ҳазор мисроъ ҳам убур кунад. Чун ҳамосаи “Манос” як манзумаи мардумист ва танҳо дар садаи 20 мелодӣ ба расмулхатти сириллик ба шакли навишта даромадааст. Ва ҳунармандоне, ки моҷароҳои ҳар се бахши ин ҳамосаро аз бар баладанд, бо афзудани ҷузъиёт ва додани шоху барг бар онҳо бар тӯли достон меафзоянд ва онро гиротар мекунанд. Ҳамосаи “Манос” ба шакли комил ҳанӯз ба форсӣ баргардон нашудааст, аммо бахшҳое аз он дар тарҷумаи манзуми Аслам Адҳам, шоъири тоҷик, соли 1374 (1995) тавассути интишороти “Алҳудо” мунташир шуд.

Қирғизҳо феҳрести баландболое аз бузургтарин маносчиҳои кишварашон доранд, ки дар садри он ҳунармандони пурҳофизае чун Сагимбой Урузбакуф, Соёкбой Қаролоеф, Шобой Азизуф, Қабо Отобекуф, Сейдене Мулдукуво ва Юсуф Момой қарор доранд. Сафарбек Қасмамбетуф ҳам аз ҷумлаи маносчиҳои мумтоз аст, ки тайи солҳои 2005 ва 2006 бардошти худаш аз ҳамосаи “Манос”-ро дар Ландан забт кард, ки акнун ба шакли ду лавҳи фишурда (Си-Ди) ва як китоби мансур ба номи “Маноссароии қирғизӣ” (Singing The Kyrgyz Manas) мунташир шудааст. Дар матлаби шунидории ин сафҳа Гулнора Қасмамбетова, духтари Сафарбек Қасмамбетов, достони “Манос”-ро мухтасаран таъриф мекунад.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2017 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.