Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Рап – гапи мавзун
Парвиз Аминов

Ҳудуди панҷ сол пеш дар ҶадидОнлойн матлабе мунташир шуда буд таҳти унвони “Рапу тараби тоҷикӣ”, ки ба нахустин талошҳо барои матраҳ кардани ин навъи мусиқӣ дар Тоҷикистон мепардохт. Аммо вокуниши яке аз корбарон ба он матлаб гӯӣ бозтоби рӯйкарди бахши аъзами ҷомеъаи Тоҷикистони он рӯзгор ба мусиқии рап буд. Ин корбар навишта буд:

 

“Ин гузориш баром хеле аҷиб буду нороҳаткунанда. Аҷиб ин ки аслан фикр намекардам, ки дар Тоҷикистон инҷӯрӣ радди пои рап дида биша ва нороҳаткунанда ин ки хуб ё бад, бояд қабул кард, ки рап як навъ ҳаҷма (ҳуҷум)-и фарҳангии Ғарб аст. Ҳатто агар дӯсташ дошта бошам... Масъала ин аст, ки ғарбгароӣ усулан дар Шарқ бо тахриби фарҳанги Шарқ ҳамроҳ мешавад. Дар ҳоле ки акси ин иттифоқ маъмулан намеуфтад. Аз ин ки тоҷикҳо иваз мешаванд, нороҳат мешавам”.

 

Вале ангор баростӣ “доиман яксон намонад ҳоли даврон” ва тоҷикҳо ҳам, чи бихоҳему чи нахоҳем, ба анҳое тағйир мекунанд. Масалан, дар мавриди пазириши мусиқии рап, ки акнун бархе аз ҳунармандони тоҷик “шакли навини гӯрӯғлихонӣ” таъбир кардаанд. “Гӯрӯғлихон” ба касе мегӯянд, ки бо як танбӯр ривоятеро ба гунаи мавзун таъриф мекунад. Навъе гапи мавзун аст, бо зарбаҳое мураттаб. Ва аз диди ин ҳунармандон, рап ҳам чизе нест ҷуз гапе мавзун, ки решаи онро дар бисёре аз фарҳангҳои ҷаҳон мешавад суроғ дошт. Ҷолиб аст, ки худи вожаи “рап”-и инглисӣ (rap) ҳам, ки дар оғоз ба маънои “паи ҳам задан, пушти сари ҳам задан” ба кор мерафта, батадриҷ тағйири маъно дода ва табдил ба “ҳарфи мавзун задан” шудааст.

 

Яке аз далоили рӯи хуш нишон надодан ба мусиқии рап дар бисёр аз ҷавомеъи шарқӣ “асолати ғарбӣ”-и он аст. Вале бо нигоҳе ба маохиз мешавад дарёфт, ки ғарбиҳо ҳам онро аз фарҳанге дигар вом гирифтаанд. Рап дар шакли ибтидоии он садҳо сол пеш ҳам дар Офриқо вуҷуд дошта ва шеваи хосси таърифи достонҳои мавзуни баланд будааст. Аз ин рӯ, вақте ҳунармандони рапхони тоҷик дар гӯрӯғлихонӣ дунболи решаи ҳунари худ мегарданд, чандон бероҳа нарафтаанд.

 

Аммо рап ба ин шаклу шевае, ки акнун роиҷ аст, дар авоили даҳаи 2000 ба Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар оғоз гомҳои ларзону заъифе дошт ва зери боди интиқоди расонаҳо хам шуда буд. Ҳамаи эродҳое, ки мегирифтанд, аз сари итоб бо юриши фарҳанги Ғарб набуд. Баёну забону мазмун ва низ корбурди калимоти ракик дар таронаҳои рап ба ҳадде кӯча-бозорӣ талаққӣ мешуд, ки ҳеч як аз шабакаҳои телевизюнӣ ва толорҳои кунсерт ба рапхонҳо маҷоли ҳунарнамоӣ намедод. Андак-андак насли ҷадиде аз рапхонҳо по гирифтанд, бо забоне пазируфтанитар ва баёни мавзӯъҳое бо аҳаммияти иҷтимоъӣ. Ин рапхонҳо нахуст дар канори овозхонони поп ба барномаҳои ҳунарӣ роҳ ёфтанд ва сипас, баъд аз касби маҳбубияти кофӣ, батанҳоӣ ҳунарнамоӣ карданд. Ва тоза дар поёни соли мелодии гузашта буд, ки “Пойтахт”, телевизюни давлатӣ дар Душанбе, ба ин гунаи мусиқӣ таваҷҷуҳ кард ва ҳатто барои интихоби беҳтарин рапхони шаҳри Душанбе мусобиқае созмон дод.

 

Дар нахустин мусобиқаи телевизюнии рап 83 гурӯҳ довталаб шуданд ва 20 гурӯҳ ба мусобиқа роҳ ёфтанд. Баъд аз он таронаҳои рап ба ҷузъи рӯзмарраи барномаҳои телевизюни шаҳр табдил шуд.

 

Пахши таронаҳои рап дар минибусҳои шаҳр ҳам дар афзоиши маҳбубияти он дар ҷомеъа муассир будааст. Ва акнун, вақте рапхони муваффақе чун Баха-84 дар Кохи Борбад, муҳимтарин толори кунсерти шаҳри Душанбе, барнома иҷро мекунад, ҳамаи 2700 сандалии солун пур аз ҳаводорони ин гунаи мусиқист.

 

Ҳанӯз ҳам интиқодҳои фаровоне мутаваҷҷеҳи бархе аз хонандагони рап аст, бавежа он даста аз рапхонҳо, ки дар интихоби мавзӯъ чандон муваффақ набудаанд ва аз васфи Ватану модару ишқ фаротар нарафтаанд. Мавзӯъҳои иҷтимоъӣ дар таронаҳои рап миёни ҳаводоронаш гироии бештаре дорад.

 

Дар гузориши тасвирии ин сафҳа шумо бо наҳваи роҳ ёфтани мусиқии рап ба расонаҳои расмӣ ошно мешавед. 

 

Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.