Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ойини дӯстёбии диҷитол
Дориюши Раҷабиён
 
Онҳое, ки Теҳрони солҳои пеш ба ёдашон ҳаст, аз китобфурӯшиҳои канори хиёбони Лолазор мегӯянд ва аз китобҳои пурфурӯше, ки рӯи ҳамаи даккаҳо пайдо мешуд. Яке аз китобҳое, ки дар канори осори бисёр пурфурӯши нависандагон ба чашм мехурд, китоби “Ойини дӯстёбӣ”, навиштаи Дейл Корнегӣ буд. Хелеҳо онро хондаанд; ҳудуди панҷоҳ милюн нусха аз ин китоб ба забонҳои мухталиф ба фурӯш рафтааст. Яъне тамоюл ба дӯстёбӣ дар миёни инсонҳо ба ҳадде шоеъ буда, ки ин асарро ба яке аз пурхонандатарин китобҳои ҷаҳон табдил кардааст.

Аммо замоне ки китоби Дейл Корнегӣ мунташир шуд, дӯстёбӣ ва таъсиргузорӣ ба одамон мақулае мутафовит буд. Дар соли 1936 аз ин ҳама васоили маҷозӣ хабаре набуд. Намешуд аз тариқи Фейсбук дӯсте ёфт ё аз роҳи Твитер паёме дӯстона мунташир кард. “Ойини дӯстёбӣ”-и Корнегӣ мунҳасир ба дидорҳои ҳузурӣ ва мукотиботи пустӣ буд, бо раҳнамудҳое чун ҳифзи лабханд дар тӯли мусоҳибат, ҳифзи номи тарафи суҳбат дар зеҳн ва такон додани сар ба нишони эҳтиром ва тафоҳум дар тӯли суҳбат. Фурмулҳои ба назар содаи муъошират, ки дар китоби Дейл Корнегӣ омада буд ва гӯё роҳи суъуд ба ҷойгоҳи рафеъи ӯро ҳамвор карда буд, барои бисёре аз бозаргонон ва чеҳраҳои сиёсию иҷтимоъӣ корсоз воқеъ шуд ва “Ойини дӯстёбӣ” бар ҷойгоҳи қомуси одоби муъошират нишаст.

Аммо оё он нахустин худомӯзи одоби муъоширати мудерн ҳамчунон хостороне дорад? Тайи ин 75 сол дунё гӯӣ зерурӯ шуда ва фавҷе аз абзору абзоракҳои маҷозӣ гӯё ба ҳарими муъоширатҳои мо дастбурде хушоянд задааанд ва шеваи муъоширати моро дикта мекунанд; ба гунае, ки акнун корманди як ширкат метавонад аз фосилае чандсадфарсахӣ ҳам бо раисаш иртибот барқарор кунад, аммо иртиботи маҷозӣ. Мешавад бо фишор додани як дугмаи Фейсбук садҳо дӯсти гумшударо бозёфт ва дӯстоне нав пайдо кард. Мешавад бо ирсоли як сатр паёми Твитер ҳазорон нафарро таҳти таъсир қарор дод; шодашон кард ё ғамгин ё ҳатто хашмгин. Дунё иваз шуда ва “Ойини дӯстёбӣ” ҳам.

Ширкати “Дейл Корнеги ва ҳамроҳонаш” ба иттифоқи Брент Кул “Ойини дӯстёбӣ”-ро барӯз кардаанд, то ба дарди инсонҳои асри диҷитол бихурад; ононе, ки муъоширати рӯзмарраашон маҷозӣ аст, то воқеъӣ.

Иртиботи маҷозӣ бо ҷаҳони хориҷ аз як сӯ мавҳибати фанновариҳои ҷадид аст, ки дар як он пайванди фардеро бо ҷаҳоне барқарор мекунад. Аз сӯи дигар, ин онӣ будани пайванд, бино ба китоби “Ойини дӯстёбӣ дар асри диҷитол”, метавонад паёмадҳои асафборе ҳам дошта бошад. “Як пажӯҳиши ширкати “ПруфПуйнт” ошкор кард, ки дар соли 2009 мелодӣ ҳашт дарсад аз ширкатҳои омрикоии дорои беш аз ҳазор корманд афроди худро ба ҷурми изҳори назари номуносиб дар торнамоҳое чун Facebook ва Linked-in ихроҷ кардаанд”.

Яке аз намунаҳое, ки дар китоб мехонем, марбут ба пешхидмати як рестурони питзоӣ мешавад, ки гилояаш аз ду муштариро ба далели дарёфти инъом (чойпулӣ)-и ночиз дар фазои маҷозӣ ҷаҳонӣ карда буд. Ё ҳашт тан аз хадамаи як баққолии занҷираӣ дар Конодо, ки бо эҷоди як гурӯҳи фейсбукӣ муштариҳои фурӯшгоҳро ба сухра кашида буданд. Яъне як изҳори назар, ки дар дунёи воқеъии дирӯз метавонист беозор талаққӣ шавад, дар ҷаҳони маҷозии имрӯз метавонад дардисарҳои фаровоне дар пай дошта бошад.

Уқда (гиреҳ)-ҳое, ки имрӯза дар фазои маҷозӣ гушуда мешавад, паёмадҳои ногувортаре ҳам дорад. Шавҳаре, ки рӯи сафҳаи Фейсбук ба ҳамсари собиқаш тавҳин раво медорад, саранҷом маҷбур аст 40 ҳазор дулор ғаромат бипардозад. Ва Роён Бобил, бозикуни ҳуландии бошгоҳи футболи Ливерпул, пас аз шикасти тимаш дар баробари “Манчестер Юнойтед” тасвири дасткоришудае аз довари мусобиқаро ба иштирок мегузорад ва ба пардохти 16 ҳазор дулор ҷарима водор мешавад. Дар “Оёини дӯстёбӣ дар асри диҷитол” мехонем:

“Бо ин ҳама фурсате, ки барои шунида шудан фароҳам аст, ба назар меояд, ки бисёре мекӯшанд по ҷилав бигзоранд, то касеро муттаҳам кунанд ва ҳамин ки иштибоҳ ё ғалати онҳо ошкор мешавад, бедиранг ба ҳаққи сокит мондан паноҳ мебаранд”.

Ойини барӯзшудаи дӯстёбӣ истидлол мекунад, ки як инсони мутанаффиз (бонуфуз) бояд дарёбад, ки ин бемулоҳизагиҳо ба нокомӣ дар барқарории иртибот бо мардум хоҳад анҷомид; сарфи назар аз ин ки шахси муддаъӣ то чи андоза рост ё дурӯғ мегӯяд. Танишҳои маҷозӣ танҳо коре, ки мекунанд, афзудан бар шикофи миёни паём ва гирандаи паём аст.

Китоби ҷадид изъон мекунад, ки ин сухани Дейл Корнегӣ ҳамчунон сидқ дорад: “Сарукор доштан бо одамон шояд сахттарин мушкиле бошад, ки пешорӯи шумо қарор мегирад”. Дар воқеъ, ҳамон усуле, ки ҳафтоду панҷ сол пеш дар китоби Дейл Корнегӣ матраҳ шуда буд, дар “Ойини дӯстёбӣ дар асри диҷитол” ҳам ҷо хуш кардааст: изҳори алоқа ба алоиқи тараф, табассуму хушрӯӣ, ҳифзи номи тараф, гӯш додан ба суҳбатҳо ва истидлолоти ӯ ва баррасии мавзӯъоти мавриди таваҷҷуҳи тараф аз ҷумлаи бахшҳои китоби ҷадид ҳам ҳастанд. Бо ин тафовут, ки тадвини ин китоб бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои асри диҷитол сурат гирифта ва, масалан, барои илқои табассуму хушрӯӣ дар дунёи маҷозӣ, ки отифа намешиносад, тавсия мешавад, ки ҳар чи бештар аз шаклакҳои мутабассими маҷозӣ (emoticon) истифода кунем. Бино ба андарзи ин китоб, дар ҷаҳони маҷозӣ ҳам ҳаргиз ба касе набояд гуфт, ки суханаш иштибоҳ буда, балки бо мулоҳизаи эҳтироми он шахс дидгоҳи мутафовити худро бояд сирфан ба унвони назари як фард баён кард. Ва агар мутаваҷҷеҳи иштибоҳ худ шудаем, бедиранг пӯзиш бихоҳем. Тарафи суҳбат, чи дар ҷаҳони маҷозӣ ва чи ҷаҳони воқеъӣ, аз муъошират бардоште мусбат ё манфӣ ҳосил мекунад ва бардошти хунсое дар кор нест. Ойини дӯстёбии ҷадид ҳам кӯшидааст роҳҳои эҷоди бардошти мусбат дар тарафи муқобили гуфтугузори маҷозиро баён кунад.

Дейл Корнегӣ, ки худ бархоста аз миёни мардуми одӣ ва бенавои иёлати Миссурӣ дар Омрико буд, забоне одӣ ва мутаъориф дошт ва китоби ҷаҳонгири ӯ ҷунг (маҷмӯъа)-е аз суханрониҳои маъмулиаш буд. Бар хилофи забони вораста ва заминии Корнегӣ, “Ойини дӯстёбӣ дар асри диҷитол” як забони хушки равоншинохтию ҷомеъашинохтиро ихтиёр карда, ки барои мухотаби одӣ қобили ҳазм нест. Аз ин ҷост, ки рӯзномаи “Нйу-Йурк Тоймз” дар нақди ин китоб менависад:

“Агар Дейл Корнегӣ ин китоби андӯҳоварро мехонд, даст ба синааш мебурд, барои лаҳазоте бо ранги парида лабханд мезад (чун дӯст надошт дигаронро нороҳат кунад) ва сарашро дубора дар бушқоб (тақсимча)-и ғизои худ фурӯ мекард”.

Нависандаи “Нйу-Йурк Тоймз” навид медиҳад, ки: “Иҷоза бидиҳед ин навиштаро бо як хабари хуш поён диҳам. Асли навиштаҳои ӯ дастнахурда ҳамчунон дар қафасаҳои китобфурӯшиҳо ёфт мешавад”. Ва баростӣ, дар китобфурӯшиҳои Ландан ҳам китоби аслии Корнегиро бо заҳмати камтаре мешавад пайдо кард, то “Ойини дӯстёбӣ”-и рӯзомадро. Ман намедонам, ки оё дар канори хиёбони Лолазори Теҳрон ҳам мешавад ҳамчунон ин китобро пайдо кард.

Баъд аз хондани “Ойини дӯстёбӣ дар асри диҷитол” ва мувоҷеҳа бо ҳамон усули дӯстёбии 75 сол пеш худбахуд мешавад ба натиҷае расид, ки Фейсбук, Твитер ва абзорҳои маҷозии дигар фақат суръати иртибототро боло бурдаанд, аммо моҳияти он ҳамонест, ки буд.

How to Win Friends and Influence People in the Digital Age
Dale Carnegie & Associates, Inc. with Brent Cole
245 pp.
Simon & Schuster
2011


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.