Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Гули баҳман, муждаи баҳор
Қамари Аҳрор

Ҳанӯз то омадани Наврӯз сабоҳе чанд боқист, аммо кӯдакон дар гӯшаву канори Тоҷикистон аз ҳамин ҳоло ба пешвози баҳор рафтаанд. Дар воқеъ, нишонаҳое аз баҳор аст, ки аз зери барфҳои обшудаи кӯҳистон сар кашида, мужда аз баҳор медиҳад ва кӯдакон бо ҷамъоварии ин нишонаҳо дарбадар муждаи баҳорро мепарокананд.

Ҷашни Бойчечак ё “Гули баҳман” рӯзу торихи бахусусе надорад ва вобаста ба майли табиъат аст. Ҳар гоҳ нахустин гудҳои баҳман (сиёҳгӯш; бойчечак) ҷавона бизананд ва ҳар мавқеъ чашми ҷустуҷӯгари кӯдакон ба ин гулҳо биуфтад, муждаи расидани баҳор дар кӯю барзан танин меандозад. Кӯдакон дастаҳои гули баҳман ба даст ба хонаҳои маҳалла сар мезананд ва бо хондани шеърҳои вежаи ин ҷашн ва додани як хӯша аз гули баҳман ба соҳибхна паёми баҳорро ба ӯ мерасонанд ва интизори дарёфти муждагонӣ аз ӯро доранд. Соҳибхонаҳо маъмулан бо рехтани нуқлу набот ва мағзу мавиз ба суфраи паҳне, ки кӯдакон аз чаҳор гӯшааш гирифтаанд, аз паёмоварони баҳор қадрдонӣ мекунанд.

Соле, ки мисли имсол чандон барфхез набошад, ҷашни рули баҳманро ҷилавтар мекашад, чун гулҳо зудтар аз домани кӯҳҳо сар мекашанд. Ин ҷашн, ки дар замони шӯравӣ камранг шуда буд, акнун дубора бо шукӯҳи тоза ба шаҳру рустоҳои Тоҷикистон баргаштааст. Дар ин рӯзҳо гурӯҳ-гурӯҳ кӯдаконро метавон дид, ки дар кӯҳу пуштаҳо, зери сангу кулӯх дунболи гули баҳман мегарданд, то барои худ ҷашне бапо кунанд. Ҷашни гули баҳман пешдаромади Наврӯз аст ва намоди шодии мардум аз поёни фасли сармо ва бедор шудани табиъат.

Дар гузашта ҷашнҳои дигаре ҳам буданд, ки бо гулу шукуфоӣ пайванд хурдаанд. Наъим Ҳакимов, фарҳангшинос ва раиси Маркази фарҳангию маърифатии устони Суғд, мегӯяд, ки то оғози садаи бистуми мелодӣ дар Хуҷанд ва перомуни он ҷашни дигаре ҳам бо номи “Гулгардонӣ” ё “Гули сурх” роиҷ буд. Дар он рӯз мардум бо адои маросиме вежа аз шукуфтани гули лола таҷлил мекарданд ва лоларо намоди хуни Сиёвуш ва нишони ишқи поку беолоиш медонистанд. Акнун аз ҷашни гули сурх хабаре нест, аммо ҷашни тӯлонии гули баҳман аст, ки ҷойгузини он шуда ва гоҳ то расидани Наврӯз дар ин ҷову он ҷо барпо мешавад.

Гузориши мусаввари ин сафҳа аз маросими гули баҳман дар гӯшае аз шаҳри бостонии Хуҷанд ҳикоят мекунад.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.