Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Нигоҳи меҳрогин
Парвиз Аминов

Шуҳратёр қабл аз ин ки дар заминаи аккосӣ ба шуҳрату номе даст ёбад, дар арсаи мусиқӣ шинохташуда буд. Навои дутори ўро бисёре дар Тоҷикистон ба хубӣ мешиносанд. Аммо фишори рўзгор ё фаварони истеъдод ё шояд ҳам ҳар ду боъис шуд, ки ў дар канори кори мусиқӣ ба аккосии ҳирфаӣ ҳам бипардозад ва аз соли 2006 то кунун чаҳор намоишгоҳи аккосӣ баргузор кунад.
 
Аз ин рў аҷаб нест, ки дар аксҳои Шуҳратёр пайванд миёни ҳунарҳои мусиқӣ ва аккосӣ қобили раддёбӣ бошад. Шуҳратёр аз он даста аккосонест, ки тарҷеҳ медиҳанд дунболи гўшаҳои рангин ва ҷаззоби зиндагӣ бираванд, то вақте ки аз дасти тасвирҳои мағмуму озорандаи хабарии рўзмарра ба сутӯҳ меоед, лахте бо аксҳои дилангези рўду кўҳсор ва чеҳраҳои зебои духтарону дарахтон биёсоед. Шуҳратёр дунболи зебоиҳои ошкору пинҳон дар кўҳистони Тоҷикистон мегардад.
 
Алоқаи Шуҳратёр ба суннатҳои мардумӣ ҳам ҳувайдост. Гўӣ нигарони аз байн рафтани онҳост. Дар аксҳои ў маъмўлан аз дунёи мудерн хабаре нест; он чи мебинем, ойину русум ва пӯшишҳоест бо торихи ҳазоронсола ва гоҳе дар остонаи нобудӣ. Кокулҳои резбофти духтарони тоҷик мавсум ба “майдабофӣ” ва қолибофӣ, хушк кардани зардолу бар пушти боми хонаҳои рустоӣ, ассориву нонпазӣ ва дўзандагиву арўсии суннатӣ аз ҷумлаи сужеҳои осори Шўҳратёр аст, ки дар зиндагии шаҳрӣ камтар метавон онҳоро мушоҳида кард.
 
Боздидкунандагони намоишгоҳи ахири Шуҳратёр, ки бо номи “Тоҷикистони озоди ман” баргузор шуд, мегўянд, ки бо дидани ин аксҳо меҳрашон ба сарзаминашон фузунтар шудааст. Худи Шуҳратёр ҳам мегўяд, ки ҳадафаш аз баргузории чунин намоишгоҳҳо ҷалби таваҷҷуҳи бинандагон ба зебоиҳои камназири Тоҷикистон аст. Вай муътақид аст, ки як чашми борикбин дар тулўъу ғуруби хуршеди кўҳистони Тоҷикистон, дар обҳои зулолу теппаҳои сабзу сурхи он метавонад пораҳое аз биҳишти рўи заминро бибинад.
 
Шуҳратёр (Шуҳрат Ёров) зодаи кўҳистони Зарафшони Тоҷикистон аст ва панҷоҳ сол дорад. Вай пас аз хатми Донишгоҳи Ҳунарҳои Зебои шаҳри Душанбе муддате омўзгори мусиқӣ буд. Сипас ба гурўҳи ҳамсароёни теотри уперо ва болеи Садриддин Айнӣ пайваст. Дар паи он навозандаи Садо ва Симои Тоҷикистон ва Филормунии давлатӣ буд. Дар оғози даҳаи 2000 ба аккосӣ рў овард ва барои рўзномаи “Транспорт России” (“Ҳамлу нақли Русия”) аксҳои хабарӣ бармедошт. Ва акнун ба унвони аккоси ҳирфаӣ намоишгоҳҳои инфиродӣ баргузор мекунад.
 
Гузориши тасвирии ин сафҳа аз намоишгоҳи ахири ў дар шаҳри Душанбе таҳия шудааст.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.