Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ёдгорҳои ҷаҳонии Либӣ

Кишваре, ки акнун дар оташи беамони ҷанг месӯзад, хонаи шуморе аз мероси фарҳангии насли башар аст, ки қидмати бархе аз онҳо ба садаи сездаҳуми пеш аз мелод бармегардад ва ба сабти Бунёди омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал (ЮНЕСКУ) расидааст. Шаҳри бостонии Ғидомиси Либӣ, машҳур ба “гавҳари саҳро”, воқеъ дар 550-килуметрии ҷануби ғарби Таробулус, яке аз намунаҳои барҷастаи шаҳрнишинии суннатӣ дар минтақа аст. Ғидомис ба монанди бисёре дигар аз маконҳои торихии Либӣ бозмонда аз даврони Руми бостон аст. Дар садаи якуми пеш аз мелод буд, ки подгон (гарнизон)-и доимии артиши Рум дар ин маҳал чодар зад ва шаҳри Сидомусро бино ниҳод.

Маҳалли бостоншинохтии Шаҳҳот (Cyrene) ҳам, ки ҷузъи мероси фарҳангии ЮНЕСКУ аст, дар соли 74 пеш аз мелод ба унвони як иёлати импротурии Руми бостон поярезӣ шуд ва ҳамвора дар равобити бозаргонию идории ҳавзаи Медитарона (Миёназамин) нақши мумтозе доштааст. Дар ҳамон садаи якуми пеш аз мелод Морк Онтунӣ, аз сарлашкарони артиши Рум, Шаҳҳотро ба Клеупотро, вопасин фиръавни юнонитабори Миср, ба армуғон дод. Шаҳҳот зодгоҳи Эротустен, файласуф ва риёзидони юнонӣ ва Ористипус, аз шогирдони Суқрот ва бунёнгузори “мактаби Шаҳҳот” аст.

Ғорҳои кӯҳистони Ококус, маъруф ба Тадрорт Ококус дар ғарби Либӣ, ҳовии ҳазорон деворнигораҳо ба шаклҳову шеваҳои гуногун аст, ки ду ҳазор то чаҳордаҳ ҳазор сол қидмат доранд ва таҳаввули анвоъи ҷонварону гиёҳон ва зиндагии мардуми минтақа дар давраҳои мухталифро сабти торих кардаанд.

Аммо дар миёни ин осор шояд минтақаи соҳилии Лабда (Leptis Magna) шинохташудатар аз ҳама бошад, ки аз маъруфтарин шаҳрҳои импротурии Рум буд. Вайронаҳои тақрибан дастнахурдаи Лабда акнун дар шаҳри Хумс, дар 130-килуметрии шарқи Таробулус, аз муҳимтарин диданиҳои Либӣ ба шумор меояд. Шаҳрро дар ҳаволии соли 1100 пеш аз мелод зоҳиран финиқиҳо поярезӣ карда буданд. Аммо Лабда замоне ба шуҳрат расид, ки ба Ҷумҳурии Рум мулҳақ шуд (146 пеш аз мелод). Дар давраи ҳукумати импротур Тибериус Лабда яке аз шаҳрҳои умдаи иёлати Офриқои Рум буд ва аз муҳимтарин бандарҳои бозаргонии импротурӣ.

Шаҳри Саброта дар шимоли ғарби Либӣ, дар каронаи дарёи Медитарона, яке дигар аз шаҳрҳои бостонии ин кишвар аст, ки маҳалли бостоншинохтии он соли 1982 шомили феҳрести мероси ҷаҳонии ЮНЕСКУ шуд. Саброта ҳам аз бандарҳои муҳимми финиқиҳо буд ва бахше аз шоҳигарии Нумидиё, ки то дер напоид. Ин шаҳр дар садаҳои дувум ва севуми мелодӣ ба дасти румиҳо бозсозӣ шуд. Дар ҳамин давра буд, ки бархе аз ёдгорҳои торихии ин шаҳр, аз ҷумла омфитеотри бошукӯҳ бо се радиф сутуни баланд, сохта шуд.

Вайронаҳои румии Либӣ то даҳаи 1920, ки бостоншиносони итолиёӣ ба кандукови ақсо нуқоти он кишвар пардохтанд, зери хок монда буд ва ба ҳамин ҷиҳат, ин осор аз солимтарин ёдгорҳои даврони импротурии Рум дар ҷаҳон ба шумор меояд.

Дар канори ин панҷ асар, ки дар даҳаи 1980 вориди феҳрести мероси ҷаҳонӣ шуд, садҳо асари дигар ҳам пушти пардаи дуди ҷанг пинҳон мондааст. Бо оғози даргириҳо дар Либӣ ва ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар моҳи морс (март)-и гузашта Бунёди омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милал аз ҳар ду тарафи даргир хост, ки бо риъояти паймони соли 1954-и Лоҳа мувозиби ганҷинаҳои фарҳангии Либӣ бошанд; бо ин ки Либӣ ин паймони вижаи ҳифозат аз маконҳои фарҳангӣ дар давраи ҷангро имзо накардааст. Аммо сарпечӣ аз муқаррароти он паймони байнулмилалӣ метавонад осоре аз торихи насли башарро вайрон кунад, ки барои ҳазорон сол баёнгари бурҳае муҳим аз сарнавишташон будааст.

Дар паи ҷанги Ироқ ва нооромиҳои Миср музеҳои Бағдоду Қоҳира дастхуши ғорату чаповул шуданд ва осори баяғморафта эҳтимолан маҷмӯъаи атиқаҷоти як сармоядорро ороиш хоҳанд дод ё дар беҳтарин ҳолат дар музеҳои дигари ҷаҳон зоҳир хоҳанд шуд. Акнун ин нигаронӣ мутаваҷҷеҳи Либӣ шудааст, ки афзун бар амокин (маконҳо)-и торихӣ, музеи бостоншиносиаш дар Таробулус ҳовии осори беҳамтои бисёре аз давраҳои мухталифи торихи ин кишвар аст, ки намунаҳое аз онҳоро дар намоиши тасвирии ин сафҳа мебинед.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2017 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.