Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Хотирае аз Наврӯз
Комилло Кордел*

Ин аввалин боре буд, ки дар ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ширкат мекардам. Ҷашни бузурге, ки маъмулан дар хона шурӯъ мешавад ва ба ҳамон хубӣ дар хориҷ аз хона баргузор мешавад ва ҳамаи мардуми русто дар он ширкат мекунанд. Бӯи ъид дар ҳама ҷо печида буд; эҳсосе, ки пеш аз он низ дар Эрон доштам.
 

Рӯзи ҷумъа, шонздаҳуми морс (март), қабл аз таътилоти расмии Наврӯз дар шаҳристони Ҳисор дар аввалин ҷашни Наврӯз ширкат кардам. Ин маросим дар як мадраса ба номи “Офтобак” тавассути созмони “Нури офтоб”, ки аз кӯдакони маълули зеҳнию ҷисмии тоҷик нигаҳдорӣ мекунад, баргузор шуд. Дӯсти инглисиам Мерӣ, ки мушовири тавсеъаи он созмон мебошад, моро ба ҳамкораш Фотима, ки мудири онҷост, муъаррифӣ кард ва тавонистам дар ин ҷашн ширкат кунам. Бароям бисёр ҷолиб буд, ки ин бачаҳои маълул наққошиҳои наврӯзӣ омода карда буданд, либоси суннатии худро пӯшида ва дастархон гузошта буданд ва ба иттифоқи шогирдони мадориси дигари он ноҳия бо мусиқии зинда мерақсиданд ва Наврӯзро бо ҳам ҷашн мегирифтанд.
 
Якшанбе, 18 морс, Фотима дубора ману дӯстонамро ба ҷашне, ки дар маркази шаҳри Ҳисор баргузор мешуд, даъват кард. Дар ин маросим як гурӯҳ аз мардону писарон бо дамидан дар карно (карнай) ва навохтани табл ба истиқболи мо омаданд. Пас аз он фармондори маҳал ба дидори мо омад ва ғурфаҳои омодашуда тавассути донишомӯзон ва созмонҳои маҳаллӣ ва саноеъи дастиро ба мо нишон дод. Нӯшиданиҳову ғизоҳое монанди дӯғ ва оши палав ба мо доданд. Дар ҳоле ки занҳо саману (суманак)-ро бо садои даф мепухтанд, гурӯҳе дигар бо чӯб пунба (пахта) мезаданд. Як ъарӯсу домод канори суфра истода буданд ва ъарӯс бо таъзимҳои мукаррар маросими адои эҳтиром ба хонавода худ ва домодро ба намоиш гузошта буд. Ин як расми тоҷикӣ аст, ки ҳар ъарӯс қабл аз рафтан ба хонаи домод ва зиндагии муштарак бояд анҷом бидиҳад.
 
Маросими наврӯзӣ бо эҳдои шохаҳои гул ба мақомоти маҳаллӣ тавассути донишомӯзон идома пайдо кард. Ба ъиллати бориши борон аз мо хоста шуд, ки дар канори мақомот зери соябон бинишинем. Ба рағми бориши шадиди борон ва сардии ҳаво донишомӯзон ба хондани шеъру таронаҳои наврӯзӣ ва рақс идома доданд. Дастархони бузурге рӯи миз густарда буданд ва рӯи он маводде аз қабили шакароб, сабзӣ (ҳавиҷ), нони самарқандӣ, сабза, суманак, себ, сирка ва анвоъи ширинию шукулот қарор дошт. Донишомӯзон бо қабои чапан ба иҷрои чанд намоиш, мисли хурӯсҷангӣ, танобкашӣ, намадмолӣ ва рақсе, ки намоди кишоварзӣ буд, пардохтанд. Хонандаҳои тоҷику афғон оҳангҳои зебоеро иҷро карданд ва мо ҳам бо онҳо ба рақсу пойкӯбӣ пардохтем.
 
Рӯзи чаҳоршанбе, 21 морс, ду маросими бошукӯҳ дар боғи кишоварзӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, рӯбарӯи сохтмони Теотри уперо ва боле баргузор шуд. Дар ин маросим духтарон бо куртаи атлас ва сабза дар даст ва писарон бо чапан ҳузур доштанд. Ширкаткунандагон намунаҳое аз саноеъи дастӣ, либосҳои маҳаллӣ ва анвоъи нонро ба намоиш гузоштанд. Дар гӯшаи дигар занони тоҷик тарзи таҳияи хамир ва истифодаи он дар ғизоҳои гуногунро нишон медоданд.
 
Маросими дигар дар рӯзи якшанбе, 21 морс, дар варзишгоҳи шаҳр баргузор шуд. Дар ин маросим руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистон ва мақомоти расмӣ ҳузур доштанд. Ин маросим бо суханони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомъалии Раҳмон оғоз шуд. Дар ин варзишгоҳ гурӯҳҳои ҳунарӣ ба намояндагӣ аз мардуми манотиқи мухталиф (Кӯлоб, Хуҷанд, Бадахшон, Самарқанд, Бухоро) ширкат доштанд ва рақсҳои дастаҷамъии беназиреро иҷро карданд. Албатта, гурӯҳе аз ҳунармандони афғон, эронӣ ва покистонӣ низ ширкат доштанд ва барномаҳои ҳунарии хосси кишварашонро ба намоиш гузоштанд. Бояд эътироф кунам, ки ғанои фарҳангии Тоҷикистон ва танаввуъи он ҳар ширкаткунандаеро таҳти таъсир қарор медод.
 
Барои ин ки бо маросими Наврӯзи Тоҷикистон бештар ошно шавам, бо чанд нафар суҳбат кардам. Хонум Муъмина, ки хонаводае 18-нафара шомили писарҳо, духтанҳо ва нава (набера)-ҳо дошт, бароям аз омодагии ҷашни Наврӯз гуфт. Ӯ ҳоло 64 сол дорад, аммо хотироти бисёр хубе аз баргузории ҷашни Наврӯз дар кӯдакӣ ба ёд дорад. Ба ман гуфт, аз даврони кӯдакӣ Наврӯзро ҳамчун ҷашне исломӣ-тоҷикӣ медонистанд. Дар фарҳанги тоҷикӣ ин ҷашнро шурӯъи соли исломӣ медонанд. Ӯ изофа кард, ки дар замони шӯравӣ ҳеч вақт мухолифате бо баргузории Наврӯз набуд. Ба назараш, ҷашни Наврӯз барои мардуми Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Ҳама хонаҳояшонро тамиз мекунанд, либосҳои нави миллӣ мепӯшанд ва рақсу пойкӯбӣ мекунанд. Хонаводаҳо кӯшиш мекунанд ҷашни ъарӯсии фарзандонашонро дар ин рӯзҳо баргузор кунанд. Хонум Муъмина дар хонааш суфраи ҳафтсин мечинад ва чизҳое монанди сир, самбӯса ва ғизоҳову шириниҳое, ки бо “с” шурӯъ мешавад, дар он мегузорад. Вақте ба меҳмонӣ мераванд, ба якдигар ъидӣ, монанди самбӯсаву ҳалво медиҳанд. Ҷавонон ҳам ба тамошои Боғи гиёҳшиносии зебо дар маркази шаҳри Душанбе мераванд.
 
Хонум Саъодат, ки тоҷик ва аҳли шаҳри Душанбе аст, аммо, хонаводааш аслан аз Самарқанд ҳастанд, ба ман гуфт, дар даврони шӯравӣ шароити баргузории ҷашни Наврӯз бо он чи имрӯз анҷом мешавад, тафовути бисёр дошт. Дар он замон онҳо фақат 21 морсро ҷашн мегирифтанд, дар ҳоле ки имрӯза барои се рӯз ҷашнҳои бошукӯҳе барпо мешавад ва таътилот доранд. Занҳои тоҷик пеш аз Наврӯз орзуву ният мекунанд ва аз Худованд саломатию шифои беморон ва бачадор шудан талаб мекунанд. Агар орзуи онҳо бароварда шавад, онҳо суманак мепазанд.
 
Хонум Мунаввара севумин касест, ки бо ӯ гуфтугӯ мекунам. Ӯ дар Душанбе ба дунё омада ва тоҷик аст, аммо падару модараш даҳаи 1930 аз Бухоро муҳоҷират карданд. Ба назари ӯ, ъиди Наврӯз ҷашни ориёӣ аст. Ӯ мегӯяд, дар ин рӯзҳо ба оромгоҳи модару падараш меравад ва барои рӯҳи гузаштагонаш Қуръон мехонад. Дар ин рӯзҳо мардум кӯшиш мекунанд якдигарро бибахшанд ва изҳори умедорӣ мекунанд, ки то Наврӯзи оянда солиму тандуруст бимонанд. Дар ҷашни Наврӯз духтарон куртаҳои атласӣ, ки либосҳои миллӣ ва зебои тоҷикист, медӯзанд ва тоқӣ мепӯшанд. Хонум Мунаввара дар Наврӯз оши махсусе мепазад, ки ин ош бо гӯшти мурғ пухта мешавад.
 
Ин таҷрубаи баҳории ман аз Наврӯзи Тоҷикистон буд; хотирае, ки ҳамеша ҳангоми баҳор дар зеҳну ёдам зинда хоҳад шуд.
 
*Комилло Кордел (Camilla Kardel) коромӯзи омрикоии забони форсӣ дар Тоҷикистон аст ва ин матлабро ба забони форсӣ таҳия кардааст.
 

Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.