Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Навмедонатарин достони Давлатободӣ
Дориюши Раҷабиён

Мегӯяд, агар имрӯз достонашро менавишт, шояд базри умеде ҳам дар он мекошт. Аммо аз ин “Заволи кулунел” кӯчактарин шаммаи умедро таваққуъ надошта бошед… “Вайронгар аст, чун ибтидо манро вайрон кард ва сипас манро водошт ба навиштанаш”. Ба қавли худи нависанда, зоидаи кобус аст; кобусе, ки бар зеҳнаш савор шуд ва раҳояш накард, то 26 сол пеш рӯи коғаз пиёда шавад ва ҳамон ҷо бимонад, чун парвона (иҷоза)-и интишораш содир нашуд. “Заволи кулунел” шояд маъруфтарин достони форсӣ бошад, ки қабл аз интишораш ба забони форсӣ, ба забонҳои ғайр мунташир шуда ва асли форсии он ҳамчунон чашмбароҳи иҷозаи нашр аст.

Достони “Заволи кулунел”-и Маҳмуди Давлатободӣ, ки рӯзи одина, 10 тирмоҳ (01.07.2011) тарҷумаи инглисии он вориди бозор мешавад, аз ҳамин ҳоло номзади дарёфти ҷоизаи адабиёти байнулмилалии Хонаи Фарҳанги Ҷаҳон (Haus der Kulturen der Welt) дар Берлин аст. Олмон дар тарҷума ва чопи осори Давлатободӣ ҳамеша пешоҳанг буда ва румони “Заволи кулунел”-ро бо унвони Der Colonel ду сол пеш мунташир карда буд.

Суҳбатҳои Маҳмуди Давлатободӣ дар бораи румони "Заволи кулунел" дар гуфтугӯ бо ҶадидОнлойн
Том Патердейл (Tom Patterdale), ки “Заволи кулунел”-ро бо номи The Colonel аз форсӣ ба инглисӣ баргардонда, аз чолишҳои тарҷумаи ин достон мегӯяд, ки Давлатободӣ бо пайравӣ аз Фирдавсӣ аз корбурди вожаҳои арабӣ дар осораш ҳатталимкон парҳез мекунад ва мутарҷим кӯшидааст барои бозтоби ин вижагии нигориши нависанда вожаҳои онглусоксун (Anglo-Saxon)-ро бар лотин риҷҳон ниҳад. Ҷиҳати эҷоди ҳолу ҳавои малмустар барои як хонандаи инглисизабон мутарҷим дар мавридҳое дасткорӣ карда ва барои намуна, “ҷирик-ҷирики нони хушк”-ро “хурд шудани поподум” ё як навъ хурдании турд (шикананда)-и ҳиндӣ таъбир кардааст. Дар ҷойҳое ҳам тадохули мутарҷим дар матни аслии румон ба ҳаддест, ки пораҳое аз як ҷумла ҳазф шуда ва ҳамроҳ бо он чеҳраҳои бенақше чун ду бачаи Фарзона (яке аз ду духтари “кулунел”), ки “аз сару кӯлаш боло мераванд”, ҳангоме ки Фарзона фарзанди севумашро дар бағал дорад ва мекӯшад бародари гӯшагирашро ба суҳбат водорад.

Рӯхонии порае аз китоби "Заволи кулунел" ба забони форсӣ бо садои Маҳмуди Давлатободӣ дар Берлин, уктубри 2009
Поварақиҳо ва тавзеҳоти муфассали поёни китоб ҳам долл бар ин аст, ки мутарҷим кӯшидааст талоши хонандаи инглисӣ барои вуруд ба ҷаҳони абӯс (гирифта) ва печидаи ин румони эрониро осонтар кунад. Аммо ҳачми фоҷеъа ва андӯҳу навмедӣ дар “Заволи кулунел” ба ҳаддест, ки шояд дар густараи зеҳни як хонандаи имрӯзӣ - чи инглисизабон ва чи ғайри он – нагунҷад. Аз ин ҷост, ки Маҳмуди Давлатободӣ мегӯяд, агар ин достонро наменавишт, бояд дар темористон (бемористони равонӣ) бистарӣ мешуд. “Заволи кулунел” зомини саломати ақлаш буд.

“Заволи кулунел” достони заволи чандин насл аст, ки яке пушти дигарӣ ё сарашон зери сотур (корди бузург) меравад ё ҳалқаи дорро худашон даври гарданашон меандозанд. Ин дақиқан сарнавишти ду “кулунел” ё сарҳанг (полковник)-ест, ки дар тӯли достон ҳузури мудом доранд: Кулунел Муҳаммадтақии Писён, аз сипоҳиёни баноми давраи Қоҷория ва аз муътақидон ба истиқлоли Эрон, ки соли 1300 (1921 м.) дар Қӯчон ба қатл расид, ва “кулунел” ё сарҳанги артиши шоҳаншоҳии Эрон, ки ба далели сарпечӣ аз мушорикат дар саркӯби ҷунбиши Зуфор аз артиш ихроҷ ва зиндонӣ шуд ва саранҷом худашро кушт. Мутарҷими инглисӣ барои тафкики ин ду сарҳанг аз ҳам Кулунел Писёнро бо сарҳарфи бузург ва “кулунел”-и муъосирро бо сарҳарфи кӯчак мушаххас кардааст. Сайри замонии достон густарда аст ва ба аҳди Амири Кабир ҳам бармегардад. Аммо Амири Кабир ва Кулунел Писён ашбоҳе ҳастанд, ки дар олами тахайюли кулунел ба рӯзгори қаҳрамони достон дар буҳбӯҳаи инқилоби 1357 сар мезананд ва ранҷу шодиҳои он айёмро таҷруба мекунанд. Ҳарчанд аз шодӣ хабаре нест; шодӣ сояи козибе буд, ки бедиранг ғоиб шуд.

Аз оғоз то поёни достон моҷароҳои як шабонарӯзи кулунел аст. Парвона, духтари чаҳордаҳсолаи кулунел, ки ба ормонҳои “Муҷоҳидини Халқ” алоқа дошт, дар шамъи инқилоб месӯзад ва дерҳангоми шаб маъмурон дар изои пул ҷасади духтарро ба падар таҳвил медиҳанд ва аз ӯ мехоҳанд, ки пеш аз намози бомдод духтарашро ба хок биспорад. Чанд соъат баъд аз он қарор аст кулунел дар маросими хоксупории Масъуд, писари кӯчакаш, ки аз ҳомиёни низоми нав буда ва дар ҷанги Эрону Ироқ кушта шуда, ширкат кунад ва ба равони ӯ дуруд бифиристад ва ба таври нохудогоҳ фарзандони дигарашро нафрин кунад. Амир, фарзанди аршади кулунел, тӯдаӣ (кумунист)-и торику матрукест, ки дар зеризаминии падараш паноҳ бурда, то саранҷом худашро бикушад; Муҳаммадтақӣ, бародари кӯчактари ӯ, ки аз аъзои “Фидоиёни халқ” буд ва дар ошӯби инқилоб кушта шуд ва нахуст ба унвони шаҳид такрим ва сипас ба унвони муъонид тақбеҳ шуд; Парвона, ки ба бовари низоми нав, аз “мунофиқин” буд; Фарзона, ки зани Қурбонии Ҳаҷҷоҷ шуд ва тобеъи шавҳараш буд, ки бо ҳар созе мерақсид ва барои ҳар низоме тара хурд мекард. Гузиниши номҳо барои қаҳрамонони достон ҳам аз вижагиҳои барҷастаи “Заволи кулунел” аст. Хизри Ҷовид, ки ҳузури махуф (тарснок)-аш дар паҳнои достон мавҷ мезанад, дар низоми шоҳаншоҳӣ ба унвони афсари СОВОК (ниҳоди ҷосусии шоҳаншоҳӣ) Амирро шиканҷа мекард ва дар низоми нав дар мақоми афсари Иттилоъот (ниҳоди ҷосусии Ҷумҳурии Исломӣ). Гӯӣ марге дар интизораш набуд ва ниқобе набуд, ки ин Хизри Ҷовид натавонад бар рух бикашад.

Кулунели қаҳрамони достон, то фурсате гираш меояд, суроғи достонҳои “Шоҳнома” меравад ва мудом “Достони Манучеҳр”-ро мехонад, ки ба кинхоҳии падарбузургаш Эраҷ Тӯру Салм (бародарони Эраҷ)-ро аз пой дармеоварад. Кулунел дар ҳоле ин достонро мехонад, ки шоҳиди кинхоҳии ҳамзодону ҳамтаборон дар сарзамин ва замони худ аст ва ба худаш меандешад:

“Шахси ҷавон ангор фитратан маҳҷуб (шармгин) офарида шуда, аммо дар вуҷудаш қудрату истеъдоди ғарибе ҳаст, ки бо суръати камназире метавонад ӯро табдил ба яке аз вақеҳтарин ҷонварони рӯи замин кунад. Ҷонваре, ки дар тӯли торих аз ҳеч кор ва аз ҳеч рафтори ҷиноятборе ибо ва парво надошта бошад. Шояд бо вуқуф ва иттико ба ҳамин қобилият аст, ки ҳамеша маҳиб (тарснок)-тарин ҷиноёти торих бар уҳдаи ӯ гузошта мешавад; супорише, ки ҷавон борҳову борҳо муваффақияти худро дар анҷоми он собит кардааст. Чи кору пешае! Лекин… мо чӣ? Мо, ки бехоставу бахоста наволаҳои хамирро ин ҷӯр ба кӯча мефиристем, то ба сурати дастмояҳое дар ихтиёри аввалин даллолони шақоват (бадбахтию парешонӣ) қарор гиранд ва мунтазир мемонем, то наволае, ки аз дасти худи мо қопида шуда, ба мисли шамшере ба сӯи худамон баргардонида шавад?”

Кулунели Давлатободӣ марди манкубест, ки агар дарашро мекӯбанд, ба рағми расондани хабари нохуши дигаре мекӯбанд; сарҳанге, ки бояд ҳамеша ба интизори зарба бошад ва дар ҳамин интизор ҳаст. Ва ҳар бор, ки дарашро мекӯбанд, зарбае тоза ба равону пайкараш ворид мешавад; ё касе ба рағми азияти ӯ омада ё ба манзури таҳқири равонаш. Касест, ки бо фарру ном буда ва номаш аз бом уфтода ва духтараш мегӯяд: “Бом рӯи одам биуфтад, аммо ном рӯи одам науфтад”. Кулунели қаҳрамони достон, касе, ки дар оғоз бо ғуруру ифтихор ба акси қаҳрамонаш Кулунел Писён нигоҳ мекард, дигар ёрои нигоҳ кардан ҳатто ба кафшҳои барроқи ӯро надорад, чун худро хору ҳақир мебинад, на мустаҳаққи ифтихор ба шахсияте чун Кулунел Писён. Ва вақте ба Амир, писари аршадаш, нигоҳ мекунад, дармеёбад, ки “ҳолате байни шармсорӣ ва ҳавлу шак, чизе беш аз ноумедӣ, дар ниниҳо (мардумаки чашмон)-аш ҷо боз кардааст”. Ва пайваста меандешад, ки “ох, фарзандонам, кош ман шуморо надоштам”. Ва дар кобуси Амир ҳамвора марде зоҳир мешавад, ки дар ҳоли хурд кардани олати таносулиаш аст. Ангор инсони мутафаккир аз тавлиди мисл пушаймон шуда. Ва гӯӣ ойинае ҷилави чашмонаш гузоштаанд, дар чашмони писараш эҳсоси гуноҳро мебинад; “эҳсоси гуноҳ – ин истинботи ман аст аст – чизест, ки беш аз устухон лои захм ӯро озор медиҳад”. Ва бо ин ҳама ҳамзотпиндорӣ бо писари бузургаш миёни ӯ ва Амир муколамаи қобили таваҷҷуҳе нест. Мегӯяд: “Ману писарам кам-кам дорем забони муштаракамонро гум мекунем. Чун Амир алоқае ба гуфтугӯ надорад ва ман ҳам шарм аз ҳарф задан дорам. Охир ман бо ӯ аз чи чиз ҳарф бизанам, ки он чиз эътибори суханро битавонад ҳифз кунад? Ва мешавад, ки миллате ин ҳама ҳарфи ногуфта ва ин ҳама сукут дошта бошад?”

Ҳарфҳои ногуфта ва сукути хафақоновар саранҷом ҳам кулунел ва ҳам Амирро ба худкушӣ вомедорад ва румонро ба гунае ба фарҷом мерасонад, ки гӯӣ роҳи бурунрафт аз ин гирифториҳои зеҳнӣ ва физикӣ барои ҳамеша баста шуда. “Заволи кулунел” аз навмедкунандатарин достонҳое буд, ки то кунун хондаам. Маҳмуди Давлатободӣ ҳам ин арзёбиро мепазирад ва мегӯяд, қарор ҳам набуда, ки румоне, ки 26 сол пеш дар Эрон навишта шуда, саршор аз умедворӣ бошад.

Кулунели қаҳрамони достони Маҳмуди Давлатободӣ инсони пургиреҳи даврони гузор аст; инсоне, ки дар айни талош ва кӯшиши мудерну равшанфикр будан, гирифтори бандубофтҳои суннатгароист; касест, ки ҳамсарашро ба ҷурми “ҳавасронӣ” кушта ва дар айни ҳол ба фарзандонаш маҷол дода, ки худашонро дарёбанд ва ҳар кадом роҳи худро ихтиёр кунанд. Кулунел намоди гиреҳҳо ва тазодҳои як инсони эронии вомонда дар гирудорҳои суннат ва мудерните аст. Ва хонаводаи ӯ намоди ҷомеъаи Эрон, ки ҳар кадом аз аъзояш ба як ниҳлаи сиёсию ақидатӣ гароидаанд. Марги так-таки аъзои хонаводаи кулунел гӯӣ поёни бефарҷоми ҳамаи он ақидаҳову боварҳост. Бо зикри ин нукта бад нест ба ёд дошта бошем, ки Маҳмуди Давлатободӣ навиштани румони “Заволи кулунел”-ро соли 1362 (1983 м.) оғоз кард ва соли 1364 (1985 м.) ба сар расонд.

The Colonel
Mahmoud Dowlatabadi
Translated by Tom Patterdale
Haus Publishing Ltd. 2011
243pp
£9.99


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.