Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Чигунагии ёфтани Рӯдакӣ
Қамари Аҳрор

Маро бисӯду фурӯ рехт ҳар чи дандон буд,
Набуд дандон, лобал чароғи тобон буд.
Сапеди симрада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун з-он ҳама бисӯду бирехт,
Чи наҳс буд! Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд…
 
Ин мисраъҳо аз қасидаи Абӯъабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар поёни умри пурфарозу нишебаш навишта буд, пас аз ҳазор сол яке аз сарнахҳои донишмандони тоҷику рус барои пайдо кардани оромгоҳи Одамушшуъаро шуд. Михаил Герасимов (1907 – 1970), мардумшинос, бостоншинос ва муҷассамасози шаҳири рус, қабл аз ин ки дар соли 1956 ба манзури шиносоии пайкари Рӯдакӣ озими рустои Панҷрӯд дар минтақаи кӯҳистонии Зарафшони Тоҷикистон, шавад, осори Рӯдакиро низ мутолеъа кард, то битавонад нишонаҳое аз зоҳири шоъирро дар он пайдо кунад. Аз сӯи дигар, Садриддин Айнӣ, нависанда ва падари адабиёти муъосири тоҷик низ шавоҳидеро долл бар мавқеъияти ҷуғрофиёии зодгоҳу оромгоҳи Рӯдакӣ гирдоварӣ карда ва дар ихтиёри Герасимов қарор дода буд.

Дар ҳамаи маъхазҳои адабию торихии куҳани форсӣ зодгоҳи Рӯдакиро қарияи Бануҷ ё Бануҷрӯдак дар наздикии шаҳрҳои Нахшаб ва Самарқанд зикр кардаанд. Садриддин Айнӣ пас аз кандукови муфассал ва мусофират ба рустоҳои атрофи ин ду шаҳр гузораш ба рустои Панҷрӯд дар ноҳияи Панҷекати Тоҷикистон меуфтад ва дармеёбад, ки “Бануҷрӯдак” муъарраби “Панҷрӯд”-и форсӣ буда, бо мазори бузургворе гумном. Айнӣ дар соли 1939 бо интишори пажӯҳиши худ иддаъо мекунад, ки рустои зодгоҳи Рӯдакиро ёфтааст.

Дар соли 1956 дар остонаи 1100-солагии Рӯдакӣ ҳукумати Тоҷикистон дастури бозгушоии қабреро медиҳад, ки гумон мерафт оромгоҳи Рӯдакӣ бошад. Михаил Герасимов ва гурӯҳи таҳқиқотии донишмандони русу тоҷик бо гушудани қабри мавриди назари Айнӣ ва баррасии бозмондаҳои ҷасади мадфун тамоми нишонаҳоеро, ки барои шиносоии пайкари Рӯдакӣ мушаххас карда буданд, меёбанд: пайкари мадфун дар он мазор мутаъаллиқ ба намояндаи нажоди сафед буд, дандонҳояш, ҳамон гуна ки дар байтҳои боло тавсиф шуда, фурӯ рехта буд, косаи чашмонаш ҳолати ҳадақаи чашмони як нобиноро дошт ва шакли устухони гарданаш ҳам долл бар нобино будани ӯ буд. Таҳқиқоти бештар ошкор кард, ки Рӯдакӣ нобинои модарзод набуда, балки дар даҳаи шашуми умр чашмонашро мил кашида ва чанд данда (қабурға)-ашро шикастаанд. Ашёе ҳам ки дар атрофи ин гӯр кашф шуд, аз ҷумла пероҳану қабои пашмие, ки ба тан ва дасторе, ки бар сар дошт, мутаъаллиқ ба даврони зиндагии Абӯъабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Бозмондаҳои ҷасадро ба озмоишгоҳҳои Маскав бурданд ва ба муддати ду сол онро мутолеъа карданд, то ба натиҷаи таҳқиқот итминони тамому камол ҳосил кунанд. Рӯзи 16 уктубри соли 1958 устухонҳоро бозпас ба рустои Панҷрӯд дар шимоли Тоҷикистон баргардонданд ва дар ҳамон ҷо дубора ба хок супурданд. Тасвире, ки Михаил Герасимов пас аз анҷоми таҳқиқот ба унвони чеҳраи Рӯдакӣ мунташир кард, тасвири чеҳраи ҳамон пайкаре буд, ки донишмандони шӯравӣ дар Рӯдакӣ буданаш дигар шакке надоштанд.

Мазори Рӯдакӣ дар ҳамон соли 1958 ба муносибати 1100-умин солгарди таваллудаш обод шуд. Соли 1999 дар остонаи таҷлил аз 1100-умин солгарди таъсиси давлати Сомониён ба кумаки давлати Эрон оромгоҳи Одамушшуъаро бозсозӣ шуд ва барои севумин бор ин мақбара дар соли 2007 мараммат шуд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба рустои Панҷрӯди Тоҷикистон, зодгоҳ ва оромгоҳи Абӯъабдуллоҳи Рӯдакӣ, меравем, ки 1070 сол пеш даргузашт.


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2017 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.