Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Гулназар, шоъири ҳама
Гуразми Тоҷикфар

Гулназар, шоъири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии ин кишвар аст. Вай 20 септомбри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнӣ (Фалғари пешин) ба дунё омад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбе омад, то таҳсилоташро дар бахши торих ва суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд.

Бисту чаҳор солаш буд, ки дар саоли 1969 нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи “Расми сарбозӣ” мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназарро бо номи “Забони ошиқӣ” дар Теҳрон мунташир кард.

Садо
Суруди миллии Тоҷикистон, сурудаи Гулназар
Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри Гулназарро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд. Ба назари пруфесум Мирзои Муллоаҳмад, “вежагии боризи ашъори Гулназар ҷанбаи қавии иҷтимоъии онҳост. Гулназар тавонистааст дарди мардумро ба забоне сода ва самимӣ бигӯяд, ки боъиси пазируфта шудани ашъораш аз сӯи мардум шудааст.”

Нигоҳи шоъиронаи Гулназар ва истеъдоди фитрии ӯ аз ҳар мавзӯъ ва манзара ё андеша ва эҳсосу авотифе дар қолибҳои мухталиф ё берун аз қаволиби роиҷ шеър месозад.

Устод Лоиқи Шеръалӣ, ки бо Гулназар тайи солҳои тӯлонӣ дар дафтари маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” кор карда буд, гуфта буд: “Дар шеъри мо ягон нафар чун Гулназар таҷрубаҳо накардааст”.

Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъири саршиноси дигари тоҷик, мегӯяд: “Шеъри Гулназар мисли дарахти азими тановарест, ки дар масоҳати бузурги шеъри форсии тоҷикӣ доман густардааст”.

Акнун устод Гулназар дар интишороти “Адиб” кор мекунад, аммо ҳамчунон дар ҳоли навиштан ва чоп кардани маҷмӯъаҳои тозаи ашъораш аст. Тозатарин маҷмӯъаи вай бо номи “Туву хубиву раъноӣ” мунташир шуд.

Гузашта аз шеъргӯӣ, Гулназар дар навиштани филмнома ҳам табаҳҳур дорад ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми сериёли “Дар орзуи падар” аст.

Соли 1991 яке аз ашъори Гулназар ба унвони “Суруди миллии Тоҷикистон” ҷойгузии шеъри Абулқосими Лоҳутӣ шуд, ки дар тамҷиди мардуми рус ва давлати Шӯравӣ навишта шуда буд. “Суруди миллӣ”-и Гулназар дар ситоиши Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақиллу озод аст. Дар яке ду соли ахир “Суруди миллӣ” мавриди баҳсу гуфтугӯҳои расонаҳои Тоҷикистон буд. Гулназар мегӯяд, ки аз ин баҳсҳо хаста нашуда ва мунтазир аст бибинад, ки чи каси дигаре суруди миллии беҳтаре хоҳад навишт.

Нигоҳе ба рубоъиёти ҷадиди Гулназар аз Шаҳнози Беназир, шоъири тоҷик


Ирсоли матлаб

Ирсоли матлаб

Дар сурати тамоюл номи худро бинависед
Image CAPTCHA
Истифода аз ин куд барои ҷилавгирӣ аз дарёфти паёмҳои гурӯҳӣ аст
Home | About us | Contact us
Copyright © 2018 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.