Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Армуғонҳои Хуҷанд
Қамари Аҳрор

Хонаводаҳое ҳастанд, ки ҳунарманданд; ба гунае, ки ҳар як аз аъзои он дар ҳунаре чирадастанд. Ва ҳамин тавр, ҳунарҳое ҳастанд, ки хонаводагианд, яъне аъзои хонавода ҳама ба гунае дар он ҳунар даст доранд. Хонаводаи Ибодуллоев дар Хуҷанд аз ҳунармандони маъруфи ин шаҳранд, ки бо ҳунари волои зардӯзӣ ва муҳрабофӣ шинохта шудаанд.

Рӯсарию кулоҳ, ҷомаву нимтана, гӯшвору синарез (гарданбанд)-ҳои марҷон, ки дар поёни соли мелодии гузашта дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Хуҷанд ба маърази тамошо гузошта шуданд, мавриди таваҷҷуҳи зиёди мардум буданд. Албатта, ин нахустин бор набуд, ки осори ҳунарии хонаводаи Ибодуллоев ҷалби таваҷҷуҳ мекард. Дар бисёре аз маросиму ҷашнҳои хиёбонӣ метавон офаридаҳои зарифи ин хонаводаро дид. Афзун бар ин, осори хонаводаи Ибодуллоев аст, ки бисёре аз навъарӯсони тоҷикро бо ҷомаҳо ва тазйиноти арӯсӣ ороиш медиҳад.

Ҳунарҳои дасти хонаводагӣ дар Осиёи Миёна падидаи нодире набуд, аммо таҳаввулоти сиёсию иҷтимоъии сад соли ахир ин суннатро тақрибан аз миён бурда буд. Бо фурӯпошии иқтисоди иштирокии шӯравӣ акнун дидани хонаводаҳое, ки дар як ҳирфаи хос табаҳҳур доранд ва аз ин роҳ имрори маъош мекунанд, як амри нисбатан одӣ шудааст.

Нурихон Ибодуллоева, модари хонавода, мегӯяд, ки дар замони шӯравӣ ҳам занони хонавода гулдӯзию зардӯзӣ мекарданд, аммо фақат барои пур кардани авқоти фароғаташон; чун ҳамзамон дар мазраъаҳои иштирокӣ ё корхонаҳо машғули кори давлатӣ буданд. Дар ҳоле ки акнун аз ин роҳ махориҷи зиндагишонро ҳам таъмин мекунанд.

Хонум Ибодуллоева, ки 63 сол дорад, мегӯяд, гулдӯзӣ рӯи рӯсарӣ ва кулоҳро дар синни ҳаштсолагӣ аз модараш омӯхта буд. Ва акнун ӯ ҳамроҳ бо духтарону арӯсҳояш порчаҳои содаро табдил ба осори ҳунарӣ мекунад.

Дар гузашта мавзӯъи бисёре аз гулдӯзиҳо гулу гиёҳу паранда буд ва гоҳ мавзӯъҳои идеулужики кумунистӣ ҳам ба рӯи порчаҳо роз меёфтанд. Акнун офаридаҳои хонаводаи Ибодуллоева тасвири тамомъайёр аз чархиши идеулужики ҷомеъаи Тоҷикистон аст. Бисёре аз порчаҳоро ибороти исломӣ, номи Аллоҳ ва сураҳое аз Қуръон ба хатти арабӣ ороиш додаанд.

Дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Хуҷанд осори Ҳафиза Саъидкаримова ҳам ба намоиш гузошта шуд, ки як ҳунарманди 67солаи хуҷандӣ аст. Вай тайи беш аз сӣ сол барои навъарӯсони тоҷик муҳраи гардану алангу (дастпона) ва гӯшворҳои марҷон сохтааст ва акнун ҳам сохтаҳои ӯ пурхаридоранд. Нақшу нигори рӯи ин зеваролот зодаи тахайюли худи хонум Ҳафиза аст ва бидуни истифода аз мошинолот ҳосил шуда ва тарҳи порчаи атласро тадоъӣ мекунад.

Саҳнаҳое аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Хуҷандро, ки Маркази фарҳангӣ ва маърифатии устони Суғди Тоҷикистон созмон додааст, метавонед дар гузориши ин сафҳа бибинед.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.