Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ривоятҳои сода

Ҳадафи маҷаллаи “Ҷадид онлойн” нашри гузоришҳои насли ҷадиди рӯзноманигорон ба унвони пешгомони рӯзноманигории чандрасонаӣ дар кишварҳои форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон аст.

Кори ин маҷалла пӯшиши хабарӣ нест, балки нигоҳест нав ба фарҳангу зиндагӣ ва нашри ривоятҳое сода, ки бо истифода аз шеваҳои тозаи гузоришгарӣ ба ёрии интернет тавлид мешавад.

Ҳадафи мо гузориши равандҳои фикрӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони форсизабон ва муъаррифии фарҳангҳои ин кишварҳо ба якдигар аст.

Таҳаввули бузурге, ки интернет ба вуҷуд оварда, милюнҳо мухотаби расонаҳоро ба тавлидкунанда табдил карда ва имкони бесобиқае барои халлоқиятҳои расонаӣ дар ихтиёри онон қарор додааст.

“Ҷадид онлойн” умедвор аст ба тавсеъа ва ривоҷи сохтори ҷадиди чандрасонаӣ ва эътилои маҳоратҳо ва арзишҳои рӯзноманигории ҳирфаӣ кумак кунад.

“Ҷадид онлойн” дар муассисаи «Ҷадид мидиё» тавлид мешавад, ки муассисае хусусист ва дар соли 2005 мелодӣ поягузорӣ шудааст. Кори ин муассиса ироаи хадамоте чун омӯзиш, мушовира ва тавлиди расонаӣ бавижа дар кишварҳо ва ҷомеъаҳои форсизабон аст.

Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.