Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Арӯсакҳои бозигар
Ҳусноро Мирзо

Марде бо либосу шамоили уқоб ва дастҳои барафрошта дар паи ҳунарманде дигар аст, ки пӯсти буз ё бара бар сар кашида ва дар ҳоли фирор аз уқоб аст. Садои даф лаҳзаҳое, ки ин рақсро ҳамроҳӣ мекунад, бар ҳаяҷони саҳнаи шикор меафзояд. Номи ин рақс “Шикори уқоб” аст, ки дар Бадахшони Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз ва гоҳ дар маросими арӯсӣ иҷро мешавад.

Бояд гуфт, ки пешинаи намоишҳои арӯсакӣ дар Тоҷикистон ба даврони бостон бармегардад, ки бархе аз онҳо ҳанӯз ҳам зинда аст.

Дар намоишҳои наврӯзӣ дар манотиқи дигари Тоҷикистон, монанди устони Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, маросиме бо номи “Ашагулон” баргузор мешавад, ки бешабоҳат ба намоиши арӯсакӣ нест. Шояд миёни ин ойин ва маросими “Масленитса”, ки ҳамчунон дар манотиқи рустоии Русия роиҷ аст, пайванди торихӣ вуҷуд дошта бошад, чун ҳар ду ҷиҳати бадрақаи фасли сармо ва дар пешвози баҳор анҷом мегиранд.

Дар конуни ҳар ду ойин як арӯсак қарор дорад. Арӯсаки ойини русӣ бисёр бузург аст ва дар поёни маросим ба коми оташ меравад, дар ҳоле ки арӯсаки Ашагулон кӯчактар аст ва рӯ ба поёни маросим ба пушти боме парт мешавад ва мардум бо созу овоз суроғи арӯсаки партшударо мегиранд, то барои соли оянда тафаул (фол) бизананд: агар арӯсаки Ашагулон бо рӯ ба замин уфтода бошад, соли пурборе дар интизорашон хоҳад буд.

Як навъи дигар аз арӯсакбозии суннатӣ таронаи мардумии “Бузакам, ҷигӣ-ҷигӣ” аст: дар дастгоҳе махсус арӯсаке ба шакли буз насб аст ва хонанда, дар ҳоле ки ғижжак мезанад ва овоз мехонад, бо кашидани нахҳое номаръӣ (нодиданӣ), ки ба пояш васл аст, бузакро ба рақс вомедорад ва асбоби хушии кӯдаконро фароҳам мекунад. Ин намоиш аз дербоз дар минтақа роиҷ буда ва дар гузашта ҳунармандон аз русто ба рустое дигар мерафтанду онро иҷро мекарданд.

Аммо дар оғози садаи бистуми мелодӣ тамошохонаҳое мудерн сохта шуданд, то ин ҳунари мардумӣ шаклу сомони ҳирфаӣ ба худ бигирад. Ҳунармандону коргардонони теотри арӯсакӣ ғолибан дар шаҳрҳои Маскав ва Сан-Петерзбург таҳсил мекарданд ва бад-ин гуна намоишномаҳои русию урупоӣ низ вориди теотри арӯсакии Тоҷикистон шуд.

Акнун дар Тоҷикистон ду теотри арӯсакии ҳирфаӣ вуҷуд дорад, ки яке дар шаҳри Душанбе ва дувумӣ дар шаҳраки Чкаловск дар наздикии Хуҷанд аст. Теотри арӯсакии шаҳри Душанбе тайи се соли ахир ба чандин кишвари урупоӣ, Русия ва Эрон сафар кардааст. Тайи ду даҳаи ахир ҳунармандони ин ду теотр талош кардаанд аз нуфузи ҳунари ғарбӣ бикоҳанд ва бештар намоишномаҳоро бар пояи осори миллӣ ва ҳунари арӯсакбозии тоҷикӣ таҳия кунанд.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба дидани ҳунармандони теотри арӯсакӣ дар шаҳри Душанбе меравем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.