Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Дар ситоиши об
Дориюши Раҷабиён

Чашмаҳо паёмоварони жарфои замин ва барфу борону шабнам сурӯши авҷи осмонҳоянд. Ва об на танҳо замину осмонро ба ҳам мепайвандад, балки илмро ҳам бо афсонаҳо ва боварҳо оштӣ додааст. Ин фарзия, ки мумкин аст зери лояҳои яхи сайёраи Баҳром (Миррих) об ҷорӣ бошад, бархеро мутақоъид карда, ки дар лояҳои зерини он сайёра ҳаёт ҳам вуҷуд дорад. Чун об мояи зиндагист.

Об ба монанди се охшиҷ ё унсури бунёдини дигари зиндагӣ (хоку боду оташ) дар кеши зартуштӣ ҳамчунон ҷузъи муқаддасот аст ва як боварманди ин кеш бояд аз олудагии он ҷилавгирӣ кунад. Дар омӯзаҳои маздаяснӣ Оноҳито ба унвони “эзидбонуи обҳо” муъаррифӣ мешавад.

Тӯрони Шаҳриёрӣ (Баҳромӣ) бо илҳом аз боварҳои маздаяснӣ мегӯяд:

Об оғози номи ободист,
Об покию сабзию шодист.
Обро мояи ҳаёт бидон,
Неъмате ҳаст додаи Яздон.

Дар Қуръон ҳам об ҷойгоҳи мушобеҳе дорад. Дар сураи “Нур” омадааст: “ҳар ҷунбандаеро Мо аз об офаридаем”. Ва дар сураи “Анбиё” мехонем: “Ҳар зиндаеро мо аз об қарор додаем”. Пас бино ба дидгоҳи ислом ҳам об манбаъ ва маншаи ҳаёт аст.

Дар “Аҳди ҷадид” ҷойгоҳи об муқаддам бар равон аст: “Касе вориди қаламрави раббонӣ нахоҳад шуд, магар ин ки аз об ва аз равон зода шуда бошад”.

Маҷмӯъаи қонунҳои шаръӣ ва урфии яҳуд ҳам барои об ҷойгоҳе бас рафеъ дар назар гирифта ва обро ҳамсангу ҳампояи Таврот донистааст.

“Ригведо”-и ҳиндӣ суруде дорад дар ситоиши об, бо номи “Оби ҳаёт”, ки мегӯяд: “Эй обҳо, ки ба мо нерӯи зистан медиҳед ва асбоби тағзияи моро фароҳам мекунед, то мо дар шодӣ ба сар барем… Бигзор, ки мо ҳам ба сӯи хонаи касе бишитобем, ки ба хотири ӯ обҳо ба мо зиндагӣ додаанд; шумо, ки моро ба дунё овардаед”.

Пас обу зиндагӣ чи дар илму чи дар боварҳо мутародифи ҳаманд. Ҳастии ҷонварон, аз ҷумла инсонҳо, ба андозае вобаста ба об аст, ки набуди об ба маънои набуди зиндагист. Унсури тарс ҳам метавонад аз далелҳои такрими об бошад. Зеро об ба ҳамон шева, ки бахшандаи зиндагист, метавонад дар шакли селу туфон мунодии маргу нобудӣ ҳам бошад.

Аз инҷост, ки фарҳангҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон ба об ва нерӯи фавқулъодаи он арҷи бисёр қоиланд ва барои посдориаш ҷашнҳо доранд. Дар гоҳшумории миллатҳо ба об ҳамонанди дигар унсурҳо ҷойгоҳе додаанд ва гоҳ табиъати инсонҳоро низ бар пояи наздикии онҳо ба яке аз унсурҳо раддабандӣ кардаанд.

Дар гоҳномаи зартуштӣ рӯзи чаҳоруми обонмоҳ ё Обонгон (26 уктубр) ба арҷгузорӣ ба Оноҳито – эзидбонуи обҳои замин ихтисос дорад. Ривояте ҳаст, ки Эрон ба муддати ҳашт сол гирифтори хушксол буд ва саранҷом дар он рӯз (чаҳоруми обон) борон омад ва мардум ба ҷашну шодӣ пардохтанд ва онро Обонгон номиданд.

Обонгон бо гузашти замон аз Эрон рахт барбаст, аммо номи “обон” дар гоҳшумории ин сарзамин мондагор шуд.

Вале ҷашнҳои мушобеҳе барои таҷлил ва гиромидошт аз об акнун ҳам дар сарзаминҳои дигар анҷом мегирад. “Луй Кратунг” (Loy Krathong) аз зеботарин ҷашнҳои об аст, ки имрӯза дар Тойланд баргузор мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба мазҳаби будоии ағлаби мардуми Тойланд, метавон ба решаҳои ориёии ин ҷашн пай бурд, ки ҳамоно дар моҳи обон сурат мегирад. Имсол рӯзи сиюми обонмоҳ, баробар бо 21 нувомбри 2010, замоне ки моҳ пур буд ва хуш медурахшид, садҳо ҳазор тан аз мардуми Тойланд канори рӯдхонаҳо рафтанд, то бо замзамаҳои бостонӣ обҳоро биситоянд ва орзуҳояшонро дар шакли қоиқҳои кӯчаки сохташуда аз барги мавз (банана – рус.) дар обҳо раҳо кунанд. Гузориши мусаввари ин сафҳа, сохтаи Фарзонаи Абдулқайс, аз ҳамин ҷашни ситоиши об дар Тойланд аст.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.