Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Зиндагӣ бо ҷорӯб
Гуразми Тоҷикфар

Ин матлаб бори нахуст рӯзи 12.03.2008 мунташир шуда буд

Сапедадамон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, занони норинҷипӯшеро метавон дид, ки ҷорӯбу белу куланг ба дӯш, гурӯҳ-гурӯҳ ҷоддаҳоро мерӯбанд ва алафҳои ҳарзаро мечинанду заминро соф мекунанд. Ин занон руфтгарони шаҳранд, ки шуморашон беш аз ду ҳазор тан баровард шудааст ва дастмузди ҳар кадоми онҳо 100 сомонӣ, муъодили 30 дулори омрикоӣ дар моҳ аст.

Аксари занони руфтгар аз камбуди дастмузд гилоя мекунанд, аммо ҳамонро ҳам беҳтар аз ҳеч медонанд. Бисёре аз онҳо нигаронанд, ки соъатҳо кор дар ҷоддаҳои гардолуд ва дар сармои пурҳодисаи имсол ба саломаташон латма задааст.

Шуморе аз ин занон дар гузашта дар корхонаҳои мухталиф кор мекарданд, ки имрӯза дарҳояшон бастааст. Бисёре аз онҳо муътақиданд, ки буҳрони иқтисодии кишвар тайи чандин соли ахир ҷойгоҳи зани тоҷикро дар ҷомеъа коҳиш додааст ва акнун бори гарони рӯзгор дар бисёре аз хонаводаҳо бар дӯши занон уфтодааст.

Бархе аз онҳо худ ва ҳамроҳонашонро дилдорӣ медиҳанд, ки раҳгузарон заҳамоти руфтагаронро тақдир мекунанд ва онҳоро меситоянд, ки дар сармои замҳарир бо дастмузде андак канори хиёбонҳо ва сатҳи пайроҳаҳоро аз барфу ях пок кардаанд.

Соҷида Солеҳова, як зани шастсола аст, ки тайи сӣ сол аз умраш кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанберо ҷорӯб задааст. Аммо ин сӣ сол заҳмати руфтгарӣ барои ӯ ва ҳамтоёнаш имтиёзе дар пай надоштааст. Бону Солеҳова руфтгариро як навъ кори “сиёҳ” (сода) медонад, ки ҳар касе ҳозир ба анҷомаш нест, чун заҳмати фаровон ва аҷри андаке дорад.

Акнун Соҷида Солеҳова раҳбари гурӯҳе аз руфтгарони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст, ки шаст зану даҳ мард узви он ҳастанд. ӯ мегӯяд, мардони тоҷик ғолибан моил нестанд ба руфтгарӣ тан диҳанд ва суроғи шуғлҳои дигареро мегиранд.

Бисёре аз мардҳо барои таъмини маъош ба таври мавсимӣ ба Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд. Аммо заноне, ки таҳсил накардаанд ва имкони раҳо кардани хонаводаҳои худ ва пайвастан ба бозори кори кишварҳои дигарро надоранд, маҷбуранд корҳои содае ба монанди руфтгарӣ анҷом диҳанд.

Руфтгарони куҳнакори Душанбе мегӯянд, ки шароити корашон дар даврони Шӯравӣ беҳтар будааст. Онҳо дастикам медонистанд, ки корашон сирфан руфтани хиёбонҳост. Аммо акнун онҳо маҷбуранд афзун бар ҷорӯб задан, зери офтоби доғи тобистон алафҳои ҳарзаро бидараванд ва аз гулу дарахтҳои шаҳр ҳам мувозибат кунанд. Ҷамъоварии баргҳои зарди фаровони хиёбонҳо дар фасли пойиз ва пок кардани сатҳи шаҳр аз барфу ях дар фасли зимистон ҳам ҷузви вазоифи руфтгарон аст.

Бо ин ки занҳо ҳудуди шаст дарсади ҷамъияти кишварро ташкил медиҳанд, ҳузури онон дар арсаи сиёсӣ ва иҷтимоъии чандон чашмгир нест. Теъдоди намояндагони зан дар маҷлиси суфлои Тоҷикистон 18 дарсад ва дар маҷлиси улё камтар аз 12 дарсад аст.

Дар раъси шумори андаке аз вазоратхонаҳои кишвар низ занон қарор доранд. Аммо он чи ошкор аст, нокоромадии барномаҳоест, ки гуфта мешавад барои ҷалби теъдоди бештари занон ба умури сиёсӣ ва иҷтимоъӣ анҷом мешавад.

Аз сӯи дигар, акнун занон бештар аз гузашта машғули кор дар берун аз хонаҳояшон ҳастанд. Дар давраи ҷанги ҷаҳонии дувум ба далели пайвастани мардҳо ба суфуфи артиш занҳо ба таври дастаҷамъӣ рӯ ба корхонаҳо оварда буданд, то ҷои холии мардонро пур кунанд. Ҳоло ҳам набуди марди хонавода боъис шуда, ки бештари занҳо шуғлеро берун аз хона ихтиёр кунанд, аммо ба далели баста будани аксари корхонаҳо бахши аъзами онҳо маҷбуранд корҳои содае чун дастфурӯшиву руфтгариро анҷом диҳанд.

Ҳамаи ин занҳо дар рӯзи ҷаҳонии зан, ҳаштуми март, аз корфармоён ва мардони хонаводаҳояшон ҳадя дарёфт мекунанд. Ин суннати бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.