Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Филизи костинопазир
Сафаралии Мирзо

Тило филизест нарм, барроқ, зардранг, чакушхор, ки дар сохтани зеваролоту ҷавоҳирот, дар дандонпизишкӣ ва санъат мавриди истифода қарор мегирад.

Арзиши тило аз даврони бостон шинохташуда буд. Аз тамаддунҳои пешин то мутуни баҷомонда аз Мисри бостон аз ин филиз сухан ба миён омада ва дар китоби “Аҳди атиқ” низ борҳо ба тило ишора шудааст. Яъне аз дер боз зар ё тило яке аз гаронқиматтарин филизот ба шумор меомада ва қимати он дар тӯли торих меъёри бисёре аз пулҳои роиҷ будааст.

Тило дар ҳунарҳои гуногун низ унсури муҳимме буда ва ҳунармандон аз он дар ҳунарҳои гуногун баҳра гирифтаанд. Дар ороиш ва навиштани китобҳо то омехтани он бо алёф барои бофтани пӯшокҳои зарбафт.

Тило ба унвони намоди покӣ, сарват ва қудрат ба кор рафта ва меравад. Дар мусобиқот ба баранда медоли тило, ба нафари дувум нуқра ва ба нафари севум биринҷӣ эъто мекунанд.
 
“Доиратулмаъорифи форсӣ” тилоро аз ҳамаи филизот чакушхортар тавсиф карда, ки метавон онро ба сурати “варақаҳои фавқулъода нозук даровард. Қобилияти мафтул шудани он бисёр зиёд аст; як грами онро метавон ба сурати симе ба тӯли 3.42 метр даровард.”

Нармии тило олёж ё омезиши он бо дигар филизотро мумкин сохтааст, ки ғолибан ба манзури истеҳкоми бештари он анҷом мегирад. Тило маъмулан зардранг аст, аммо агар бодиққат тасфия шавад, метавонад сиёҳ, сурхи пурранг ва ё арғувонӣ бошад.

Тило ғолибан дорои 8 то 10 дарсад нуқра аст. Баъзан миқдори нуқра дар таркиби зар бештар аст.  Вуфури миқдори нуқра боъиси сапедии ранги тило мешавад ва аз ҷилои вижаи тило мекоҳад. Олёжи он бо мис тилоро ба ранги сурх, бо оҳан ба ранги сабз ва бо олуминиюм ба ранги арғувонӣ наздик мекунад.

Занони Тоҷикистон, монанди бештари занони дигар дар Ховарзамин, ба ҷавоҳирот, бавижа тило алоқа доранд. Зеваролоти тилоӣ барояшон беҳтарин ҳадя аст. Иддае ҳам тарҷеҳ медиҳанд рӯи дандонҳои худ рӯпӯши зарин бикашанд, ки нишони сарват ва тавонмандии молӣ аст. Аммо ахиран давлати Тоҷикистон насби рӯпӯши тилоии дандонро маҳкум кард ва онро ношоист донист. Дар натиҷа шумори занон ва духтарони дандонтило низ рӯ ба коҳиш аст.

Аммо ороишҳои мухталифи зарин ва симини бонувони тоҷик, аз ҷумла гарданбанду дастбона, ангуштарию гӯшвора ва ғайра ҳамчунон маҳбуб ва роиҷанд.

Тарҳи зеваролоти тоҷикӣ маъмулан суннатӣ аст ва тоҷикон аксаран тарҷеҳ медиҳанд тарҳи ҷавоҳироти дилхоҳи худро дар заргариҳо супориш кунанд.

Заргарӣ пешае бостонист, ки муаннасу музаккар намешносад. Дар шаҳри Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон, занон ва мардони заргари бисёреро метавон дид. Афзун бар ин, дар ин шаҳр корхонаи заргарии мавсум ба “Зари Кӯлоб” фаъъол аст. Ин корхона фаровардаҳои худро дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он арза мекунад.

Заргарони Кӯлоб барои дӯстдорони симу зар беш аз 30 навъ зеваролот месозанд. Дар гузориши мусаввари ин саҳфа бархе аз онҳоро метавон дид.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.