Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Марвиёна - навоҳои ношунида
Ҳусноро Мирзо

Номи Марв, шаҳри бостонии Осиёи Миёна, ки замоне дар импротурии Ҳахоманишӣ буд, ба сурати Маргу ва Маргиёна ҳам сабт шуда. Аммо имрўз он шаҳри бостонӣ вайрон шудаву ҷои онро шаҳри кўчаке гирифта ба номи Морӣ, ки дар ҷумҳурии Туркманистон аст.

Марв бар сари роҳи абрешим буд ва мардумони бисёре аз шаҳрҳои дигар ба он шаҳр кўч мекарданд. Хуросониёне, ки аз Эрони кунунӣ ба шаҳри Марв кўч карданд, мусиқии худро ба Марв ва баъд ба Бухоро бурданд. Омезаи мусиқии онҳо бо фарҳанги Бухоро акнун “марвигӣ” ном гирифта; бо зеру бамҳои пур аз андўҳу шодӣ. Ин мусиқии хос дар авохири садаи 19 ва аввали садаи 20-и мелодӣ дар аморати Бухоро рушд кард.
 
Аъёну ашрофи Бухоро луғати “марвӣ”-ро дар мавриди эрониёне ба кор мебурданд, ки дар давраҳои гуногун аз маҳалҳои мухталифи Хуросони бостонӣ, ба вижа аз шаҳри Марв ба Бухоро омада буданд. 
 
Бо тавваҷҷуҳ ба наздикии мусиқии Эрони он даврон ва аморати Бухоро, мусиқии “марвигӣ” дар Бухоро зуд ҷо уфтод. Овозхонони “марвигӣ” умдатан рубоъиёти мардумиро, ки бо худ ба Бухоро оварда буданд, мехонданд. Рафта-рафта марвигӣ бо мусиқии маҳалии Бухоро даромехт, аммо бо он яке нашуд ва бисёре аз вижагиҳои худро ҳифз кард. Ин навъи мусиқӣ ҳамчунон дар Бухоро роиҷ аст. 
 
Сози аслӣ дар ин навъи мусиқӣ даф аст, ки дар мусиқии маҳалии тоҷикони Осиёи Миёна ҳам роиҷ аст. Аммо наҳваи сурудани марвигихонҳо ба ҳунари овозхонони суннатии Эрону Озарбойҷон шабоҳати бештар дорад. Оҳангҳои марвигӣ ғолибан оғози орому дунболаи пуршўр дорад ва ҳамроҳ бо рақсу пойкўбист. Рубоъиёти ҳазин ва андўҳгини мардумӣ рафта-рафта ба бадоҳасароии шўху шод табдил мешавад ва рақсандагон бо ҳаракоти тунди дасту по вориди майдон мешаванд. Дар гузашта танҳо мардони ҷавон буданд, ки мерақсанд, аммо акнун рақсандаҳо танҳо зананд.
 
Ҳамакнун дар Филормуниии шаҳри Бухорои Ўзбакистон як гурўҳи фулклури “марвигӣ” фаъъол аст, ки бисёре аз аъзои он аз наводагон (авлод)-и афроде ҳастанд, ки дар садаҳои гузашта аз шаҳрҳои мухталифи Хуросони Эрон ба ин шаҳр омадаанд. Онҳо мегўянд, ки суннати овозхонии марвигиро аз гузаштагонашон омўхтаанд ва қасд доранд онро ба фарзандонашон ҳам мунтақил кунанд, то марвигихонӣ дар Бухоро зинда бимонад. Шуморе ҳам марвигихониро дар донишгоҳи ҳунарҳои зебо тадрис мекунанд.
 
Соли гузаштаи мелодӣ дар Тоҷикистон китобе зеру унвони “Марвигӣ” мунташир шуд. Нависандагони китоб Низоми Нурҷон ва Баҳриннисо Қобилова оҳангҳои марвигиро дар ин китоб нутнависӣ кардаанд, то мусиқидонҳо ва донишҷўён чигунагии иҷрои оҳангҳои марвигиро аз он фаро бигиранд.
 
Бисёре аз коршиносони фарҳангу мусиқӣ дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки барои таъсиси гурўҳи марвигихонӣ дар Тоҷикистон ҳам ниёзи мубраме вуҷуд дорад. Зеро бо фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ ва дур мондани Бухоро аз ҳавзаи фарҳангии Тоҷикистон ин навъи мусиқӣ, ки унсуре аз фарҳанги мусиқоии порсигўёни минтақа аст, дар остонаи фаромўшист. Бад-ин манзур дар кунсервотуор (консерватория)-и мусиқии Тоҷикистони воҳиди “марвигихонӣ” барои донишомўзони шашмақом ё мусиқии суннатии Тоҷикистон ворид шудааст.
 
Дар гузориши тасвирии ин сафҳа лаҳзаҳое аз ҳунарнамоии гурўҳи “марвигӣ”-и шаҳри Бухороро мебинед, ки бо тавзеҳоти устод Низом Нурҷон ҳамроҳ аст.

Ин матлаб бори нахуст рўзи 16.12.2009 мунташир шуда буд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.