Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Фирдавсӣ зинда аст
Дориюши Раҷабиён

Никулос Ҷоббер (Nicholas Jubber) як нависандаи ҷавону моҷароҷӯи инглисист, ки соли 2001-и мелодӣ аз Вениз ба Офриқо сафар карда буд, то як номаи бозмонда аз қуруни вусторо ба оромгоҳи як подшоҳи Этиупӣ бирасонад, бо ин бовар, ки мухотаби он нома ҳамоне буда, ки акнун садҳо сол аст, ки зери хок хуфтааст.

Акнун ин ҷавони моҷароҷӯ ба кишварҳои Эрону Афғонистону Тоҷикистон сафар карда ва бо достоне пурмоҷарову ҷаззоб баргаштааст. Ӯ дар навиштаҳо ва мусоҳибаҳое, ки пас аз ин сафари пурмоҷаро мунташир карда, гӯйӣ вазифаи як пайкро ба дӯш гирифта, то паёме ҳазорсоларо ба мухотабаш бирасонад. Паёмеро бо ин матлаъи маъруф ки:

Аё шоҳ Маҳмуди кишваргушой,
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой.

Сарфи назар аз ихтилофи дидгоҳҳое, ки дар мавриди ин гилояи манзум миёни соҳибназарон ҷараён дорад, Никулос Ҷоббер бо эътиқоди комил ба ранҷидагии Фирдавсӣ аз қадрношиносии султон Маҳмуди Ғазнавӣ, маъмуриятеро анҷом додааст, ки то кунун эҳтимолан касе ҷуръати анҷомашро надошт. Ҳарчанд бархе ба нисбати ин шиквоия ба қалами Абулқосим Фирдавсӣ шак доранд, Ҷоббер ба бовари шоеъ дар миёни мардуми се сарзамини порсигӯ такя кардааст, ки бо чандин ривоят достони ин ранҷидагиро таъриф мекунанд.

Бардоштҳои Никулос Ҷоббер аз сафарҳояш ба Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна
Никулос Ҷоббер солҳо пеш, замоне ки донишҷӯи риштаи забону адабиёти инглисии Донишгоҳи Оксфурд буд, пораҳое аз достони “Рустам ва Суҳроб”-и Фирдавсиро хонда буд. Он замон аз зиндагӣ, шахсият ва кори сутурги Фирдавсӣ иттилоъи андаке дошт. Тӯли ҳашт моҳи иқомат дар Теҳрон Ҷоббер дарёфт, ки ҳазор сол пас аз поёни сароиши “Шоҳнома” ҳам осоре аз ин асари безаволро метавон дар лобалои ҳувияти эронӣ радёбӣ кард. Вай, ки барои омӯхтани забони форсӣ ба Эрон рафта буд, ҳадафи сафарашро тағйир дод ва тасмим гирифт шиквоияи Фирдавсиро рӯи наворе забт кунад ва дар Ғазнӣ канори пайкари хокшудаи султони қудратманди даврони Фирдавсӣ онро пахш кунад ва интиқоми Фирдавсиро аз қадрношиносии Маҳмуди Ғазнавӣ пас аз ҳазор сол бистонад.

Мизбони Никулос Ҷоббер дар Теҳрон, як устоди фарҳехтаи донишгоҳ ва шайдои “Шоҳнома” ва Фирдавсӣ, нақшаи ин ҷавони инглисиро наҷиб, аммо ҷунуномез медонист. Ва ҳамин тавр дигар дӯстону ошноён дар Эрон ӯро аз сафар ба Ғазнӣ барҳазар медоштанд, бо ин тавзеҳ, ки Маҳмуди Ғазнавӣ дар пойтахташ ҳамчунон азизу арҷманд аст ва баъид нест, ки дӯстдорони мутаъассиби Маҳмуд як шайдои Фирдавсиро “лату пор кунанд.”

Гӯши Никулос бидеҳкори ин ҳушдорҳо набуд. Ӯ роҳбаладе афғон кироя кард, пакул (кулоҳи афғонӣ) ба сар гузошт ва ҳатто наҳваи роҳ рафтани як марди афғонро аз Ҳасангул (роҳбалад) омӯхт ва аз Машҳад ба Ҳирот ва аз он ҷо ба Ғазнӣ роҳ уфтод. Ҳувияти тозаи ӯ барои ноошноён “Аббос, як тоҷики ҷангзадаи кару гунг” буд, ки ба нияти шифо ба пешгоҳи Маҳмуди Ғазнавӣ мерафт. Ҳасангули заранг барои чашмони обии “Аббос” ҳам, ки нажоди фарангиашро лав медод, тавҷеҳе ёфта буд: падари Аббос нуристонӣ буд ва чашмони обӣ миёни мардуми Нуристон нодир нест.

Кӯтоҳсухан, “Аббос” ҳар чи тарфанд балад буд, ба кор бурд, то гилояи ҳазорсолаи Фирдавсӣ дуруст бар сари хоки Маҳмуди Ғазнавӣ аз қавли як шоҳномахон аз эли бахтиёрӣ пахш шавад.

Агар сафаргуфтаҳои Никулос Ҷоббер танҳо шарҳи ҳамин моҷаро буд, боз ҳам ҷалби таваҷҷуҳ мекард. Аммо гурезҳое, ки нависанда ба пешинаи сарзаминҳои порсигӯ зада, аз як достони бомаза ва танзолуд як ривояти омӯзанда ва ҷаззоби торихӣ сохтааст. Бо ин ки дар конуни сафарнома Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-аш қарор доранд, нависанда кӯшидааст хонандаи инглисиро бо чеҳраҳои барҷастаи дигаре (аз Рӯдакию Мавлавию Хайём гирифта то Фурӯғи Фаррухзоду Симини Донишвару Эраҷи Пизишкзод ва Валӣ Самад) ҳам то ҳадде ошно кунад. Ба ҳар даврае аз сарнавишти Эрон, ки пардохта, аз шоҳони даврону сомона (систем)-и фармонравоишон ҳам ёд кардааст.

“Эрон”-и Никулос Ҷоббер Эрони Фирдавсӣ аст. Ба манзури радёбии ҳузури Фирдавсӣ дар ҷомеъаҳои форсизабон, Ҷоббер ба ҷуз Теҳрону Исфаҳону Машҳад ва Ҳироту Ғазнӣ ба Марву Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Панҷакенту Душанбе ҳам сафар кардааст ва дар ҳама ҷо шоҳиди зинда будани Фирдавсӣ будааст: дар тоблуҳои наққошони ҷавони Теҳрон, дар осори нависандагони ҳиротӣ, рӯи дару девор ва дар хиёбонҳои Душанбе, дар сурудҳои овозхонҳои даврагарди бозорҳои Хуҷанд. Дар ҷое Фирдавсӣ нумоди муқовимати худҷӯши мардумӣ аст ва ҷое дигар – абзори сиёсии миллатсозӣ, аммо ҳама ҷо, аз диди нависанда, Фирдавсӣ ҷузъи лоянфакк (ҷудоинопазир)-и ҳувияти миллии кишварҳоест, ки замоне якпорча будаанд.

Нависанда дар ҳар се кишвар дунболи шабоҳатҳое миёни зиндагии Фирдавсӣ ва зиндагии ҳамзабонони кунуниаш мегардад ва боризтарин монандиро идомаи пайгарди нависандагони дигарандеш медонад, ки ба бовари вай, тайи ҳазор соли гузашта тағйир накардааст.

Дар гузориши тасвирии ин сафҳа Никулос Ҷоббер дар бораи ҳузури Фирдавсӣ дар фарҳангҳои се кишвари порсигӯ суҳбат мекунад. Бештари аксҳои ин гузориш мутаъаллиқ ба Никулос Ҷоббер аст.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.