Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Умри кўтоҳ, парвози баланд
Ҳусноро Мирзо

Наргис гуле буд аз гулистони мусиқии тоҷик. Бисту панҷ сол зист, зуд шукуфту зуд пар-пар шуд. Аммо чӣ шукуфтане! Овозаи ҳунари ў марзҳоро дарнавардид ва Наргис ба унвони беҳтарин овозхони Осиёи Миёна шинохта шуд. Аммо риштаи умри ў, ки интизор мерафт бисёр пурбор бошад, баногоҳ дар тасодуфе шум бурида шуд.

Тасодуф барои Наргис, ҳатто пеш аз ин ки ба дунё биёяд, сарнавиштсоз буда. Ҳанўз дар батни модараш буд, худрав (мошини сабукрав)-ашон  дучори тасодуфи шадид шуд. Пизишкон бо анҷоми чанд ҷарроҳӣ тавонистанд модари Наргис ва тифли панҷмоҳаи батнашро аз марг наҷот диҳанд. Мардум гуфтанд, ҳузури тифли маьсуми батнаш буда, ки Бунафша Бековаро наҷот додааст.

Чаҳор моҳ пас аз он ҳодиса, рўзи 8-уми октябри соли 1966, дар шаҳри Душанбе духтараке ба дунё омад. Бунафша ва Ҳукмшоҳ Бандишоев номи фарзандашонро Наргис гузоштанд.

Ҳам падар ва хам модари Наргис бо ҳунар сару кор доштанд ва аммаи ў Савсан Бандишоева аз овозхонони саршиносе буд. Наргис ҳам аз авони кўдакӣ ба мусиқӣ алоқа дошт ва дар мадрасаи мусиқӣ ба таҳсили пиёнуи классик пардохт. Аммо истеьдоди Наргис дар заминаи овозхонӣ бештар буд. Мегўянд, шаш солаш буд, ки дар ҳузури раҳбари Иттиҳоди Шуравӣ бо оркестри симфоник таронае иҷро кард ба мавриди тақдиру таҳсин воқеь шуд. Падари пири Наргис бо ёде аз он рўзгор мегўяд, ки Хрушёв иҷрои Наргисро писандида буд, ки ба эҳтимоли зиёд, манзураш Леонид Брежнев, халафи Хрушёв аст.

Наргис дар соли 1983 барои такмили дониши мусиқиаш вориди риштаи мусиқии ҳирфаии Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Душанбе шуд. Аз ҳамон оғоз пайдо буд, ки ситорае дурахшон дар ҳоли зуҳур аст. Тайи солҳои донишгоҳиаш дар соли 1989 дар мусобиқаи ҳунарии «Овозхонони ҷавон» ширкат кард ва баранда шуд.

Наргисро дигар дар Тоҷикистон ҳама мешинохтанд ва таронаҳои ўро мешуд ҳама ҷо шунид. Аммо дар оғози даҳаи 1990 буд, ки ҳунари Наргис фаротар аз Тоҷикистон рафт.

Дар солҳои поёнии Иттиҳоди Шўравӣ Қазоқистон ҳамасола мусобиқаҳоеро бо унвони «Овози Осиё» доир мекард ва дар он беҳтарин овозхонони минтақа таъйин мешуданд. Тобистони соли 1991 Наргис дар канори 60 ширкаткунандаи дигар рўйи саҳнаи ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Олмотӣ (Алма-Ато) рафт ва ситоиши ҳайъати доварону бинандагони онро барангехт ва ҷоизаи аввали мусобиқаро ба худ ихтисос дод. Дар пайи он пирўзӣ овози Наргис дар дигар кишварҳо ҳам танин андохт.

Чанд моҳ пас аз он дар поиз (тирамоҳ)-и ҳамон сол, дуруст як ҳафта қабл аз 25 –умин зодрўзаш, Наргис ва шуморе аз дўстонаш ба дараи зебоманзари Варзоб дар перомуни шаҳри Душанбе сафар мекунанд. Тасодуфи шадид мошинро вожгун мекунад ва аз миёни чаҳор тан сарнишини он танҳо Наргис дар ҷо ҷон медиҳад.

Поёни фаҷеъи Наргис дар авҷи шуҳрату маҳбубият ҳазорон дўстдори ўро ба андўҳ нишонд.    

Наргис рафт, аммо овозаш мондагор шуд. Лавҳҳои фишурда (CDҳо)--и ўро имрўз ҳам мешавад дар бозори мусиқии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа пайдо кард. Таронахои Наргис ҳамчунон маҳбубанд, ба виҗа оҳанги «Лолоӣ»-и ў ба забони шуғнӣ (аз забонҳои Бадахшони Тоҷикистон), ки ҳамвора ба баҳонаҳои мухталиф дар маҳофилу маҷолис пахш мешавад.

Падару модари Наргис Бандишоева чанд соли аввал дар доғи фарзанди худ сўхтанд. Сипас барои ҷовидонагии ёду номи фарзанди барӯмандашон бунёдеро бо номи «Наргис» поярезӣ карданд, ки ҳадафи аслии он кумак ба кўдакони бесарпараст аст. Онҳо мегўянд, ки Наргис шефтаи кўдакон буд ва ин ҳисси шефтагиро метавон дар таронаи «Лолоӣ»-и ў дарёфт.

Дар гузориши муссавари ин сафҳа бо падару модари Наргис Бандишоева ба гуфтугў нишастаем.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.