Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Гадоӣ - шуғли обоӣ
Муъмин Шерхонов

Дар Осиёи Миёна қавми кўлиҳоро “лўлӣ” ё “ҷўгӣ” меноманд, ки дар мавриди асолату решаҳои он касе сад дарсад мутмаин нест. Шуморе онҳоро аз кўлиҳои Ҳинд медонанд, ки садҳо ё шояд ҳатто ҳазорон сол пеш ба минтақа муҳоҷират кардаанд. Иддае ҳам онҳоро бо кўлиҳои Урупои Шарқӣ пайванд медиҳанд. Аммо забони модарии кўлиҳои Осиёи Миёна гўишҳои гуногуни порсист. Аз ин рў дар Русия ва берун аз Тоҷикистон онҳоро иштибоҳан “тоҷик” медонанд.
 
Дар ҷануби Тоҷикистон, ки ҳудуди як милюн ҷамъият дорад, дар як рустои ноҳияии Восеъ беш аз 30 ҳазор тан аз табори лўлиён ба сар мебаранд. Маъмулан лўлиён, гадоиро пешаи аҷдодии худ медонанд ва аз роҳи дарюзагарӣ ба зиндагии худ сомон медиҳанд. Занҳои ин қабила ва гоҳ мардони он бомдодон аз хона ба дар мераванд ва то ғуруби хуршед бо кўлборе  бар пушт дарбадар мегарданд ва гадоӣ мекунанд.
 
Ҳукумати шўравӣ борҳо талош карда буд лўлиёнро ба зиндагии одии шаҳрӣ ҷалб кунад, аммо ин талошҳо ба ҷуз чанд мавриди ангуштшумор натиҷае надод ва ғолиби кўлиҳо аз гадоӣ даст накашиданд ва акнун ҳам муътақиданд, ки ҳаргиз ва ба ҳеҷ қимате ин шуғли ниёгонашонро тарк нахоҳанд кард.
 
Дар паи истиқлоли Тоҷикистон ҳам талош барои искону таълим додан ба лўлиён фарўкаш накард. Чаҳор сол пеш барои нахустин бор дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеъ, воқеъ дар 200-килуметрии ҷануби пойтахт, бо кўмаки созмонҳои имдодрасон мадрасаи вижае барои ин қавм сохта шуд. Дар ин дабистони кўчак кўдакони лўлӣ метавонанд чаҳор сол дарс бихонанд ва дар сурати имкону тамоюл таҳсилашонро дар мадориси маъмўлӣ идома диҳанд.
 
Аммо ба гуфтаи Бахтуллоҳ Мирзоев, мудири ин мадраса, мушкили умда набудани зодномаи кўдакон аст, чун маъмўлан хонаводаҳои кўлӣ барои кўдакони навзодашон зоднома намегиранд. Аз ин рў барои таъйини синну соли онҳо маъмурони мадраса дандонҳои шогирдонро мешуморанд ва бино ба теъдод ва ҳолати дандонҳо синни онҳоро тақрибан муъайян мекунанд. Албатта, дар соли нахуст синну сол аҳамияте надошт ва кўдакони аз ҳафт то 14-солаи кўлӣ  ба таври дастаҷамъӣ ба синфи аввал рафтанд.
 
Дар Тоҷикистон омўзиши нуҳсола дар мадорис як амри илзомӣ (маҷбурӣ) аст. Аммо кўлиҳо ба ду далел намехоҳанд фарзандони худро ба он мадорис бифиристанд:
 
Нахуст ин ки бештари онҳо таълим ва омўзишро як амри бемантиқ медонанд, зеро қарор нест фарзандонашон дар ҷое кор кунанд; гадоӣ аст, ки маъишати онҳоро таъмин мекунад.
 
Дуввум ин ки барои таълим дар мадориси ҳамагонӣ кўдакон номнавис мешаванд ва дар паи хатми он барои ду сол равонаи хидмати сарбоз-вазифа мешаванд. Кўлиҳо ба ҳеҷ рўй хостори хидмат дар артиш нестанд.
 
Ба вижа рўзи одина мешавад лўлиёни бисёреро дар роҳу ҷоддаҳо ва бозорҳо мушоҳида кард, ки бо қиёфаи низор ба обирон (роҳгузарон) рў меоваранд ва пул мехоҳанд.  Бештари онҳо занони кўлӣ ҳастанд. Ба қавли худи лўлиён, суннати онҳо чунин аст, ки занон вазифаи таъмини маъошро ба уҳда доранд ва то поёни умр ҳам ин таклиф ба дўши онҳост.
 
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа ба хонаҳои бархе аз лўлиёни ҷануби Тоҷикистон сар хоҳем зад.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.