Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Оромиш дар меваороӣ
Парвиз Аминов

Барои таскини аъсоб ҳар касе васила ва роҳе дорад: яке ба сигор мутавассил мешавад ва дигарӣ ба китоб ё пиёда рафтану давидану ҷавидан… Яке ҳам, чун Ҳошим Ҳакимов дар минтақаи Панҷ дар ҷануби Тоҷикистон, ба меваороӣ. Меваю сабзиҷоти полизро мегирифт ва рӯи он гул метарошид ва бад-ин гуна оромиш меёфт. Бо чанд ҳаракати тунду мавзуни чоқу (корд) дар дасти Ҳошим ҳиндувона (тарбуз) табдил ба як сабад гул мешуд ва васати чанбари сабзи хиёр (бодиринг), ки шакли чаманро тадоъӣ мекард, қарор мегирифт.

Ин саргармии Ҳошим, ки мегӯяд, сирфан барои таскини аъсобаш суроғаш мерафт, батадриҷ манбаъи даромади хонаводааш шуд. Меваю сабзиҷоти гулкоришудаи Ҳошим мизи базмҳои арӯсии ҳамсоягонро ороиш медод. Бо расидани шуҳрати ӯ ба пойтахт созмондиҳандагони ҷашнҳои саросарие чун Наврӯз ва ҷашнвораҳои ҳунарӣ ҳам барои тазйини суфраҳои бузурги ташрифотӣ аз ин ҳунари Ҳошим Ҳакимов баҳравар шуданд.

Шуғли аслии Ҳошим Ҳакимов, ки дуредгарӣ буд, тақрибан фаромӯш шуд ва акнун ӯро дар устони Хатлон бо номи “Тарбузтарош” мешиносанд. Дар Хуросони куҳан ва Осиёи Миёнаи имрӯз ба ҳиндувона “тарбуз” ё “тарбуза” гӯянд, ба маънои “меваи тару хушбӯ”. Ин вожа дар ашъори форсӣ ҳам омадааст, мисли ин байт аз Туғрои Машҳадӣ:

Бувад тухми дунёву дин коштан,
Ду тарбуз ба як даст бардоштан.

Масали маъруфи “Бо як даст ду ҳиндувона натавон бардошт” низ аз ҳамин ҷо меояд.

“Тарбузтароши панҷӣ” на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли минтақа номовар шуд ва дар яке аз мусобиқоти меваороӣ, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, рақибонашро аз кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон шикаст дод ва мақоми аввалро ба даст овард. Абзори муваффақияти Ҳошим дар ин мусобиқа як хиёр (бодиринг)-и 20-сонтиметрӣ буд, ки бо сеҳри чоқуи ӯ ба ҳудуди панҷ метр навори ҳалқаҳои муттасил табдил шуд.

Комёбиҳои Ҳошим шогирдони бисёреро ба коргоҳи ӯ ҷазб кард. Шояд беҳтарини онҳо фарзандони хурдсолаш Юлдуз ва Акмал бошанд, ки бо маҳорати ёдгирифта аз падар аз меваҳо одамак месозанд ва бар рӯи сабзиҷот гул мекашанд.

Бо ин ки акнун меваороӣ манбаъи аслии даромади Ҳошим Ҳакимов аст, ӯ ҳанӯз гоҳ дуредгарӣ ва челонгарӣ (оҳангарӣ) ҳам мекунад ва муътақид аст, ки барои як мард чиҳил ҳунар ҳам кам аст. Гузориши мусаввари ин сафҳа дар бораи ҳунари меваороии ӯст.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.