Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Дар садри попи тоҷик

Ҳаждаҳ солаш буд, ки нахуст-олбумаш бо номи “Ишқи ту” вориди бозори мусиқии Тоҷикистон шуд ва садову симои давлатӣ ҳам оҳангҳояшро барои пахш муносиб дид. Ҳамин як олбум кофӣ буд, ки дар фурсати кўтоҳ дили ҳаводорони мусиқиро бирабояд.

Бисёре дар таронаҳои ў рагаҳое аз ҳанҷараи Кароматуллоҳи Қурбон, овозхони фақиди тоҷикро ташхис доданд. Сабку сиёқи ҳунарнамоиаш ҳам башиддат таҳти таъсири мактаби Кароматуллоҳ буд. Аммо бо гузашти солҳо ў тақлид аз саромади худро канор гузошт ва дигар на ба унвони “як шогирди Кароматуллоҳ”, балки бо номи “Садриддини Наҷмиддин” шинохта шуд ва сари забонҳо уфтод.
 
Акнун Садриддини Наҷмиддин аз пуркортарин овозхонони кишвараш аст ва беш аз 200 тарона забту пахш кардааст. Аммо танҳо пас аз сафарҳои хориҷиаш буд, ки номи ў марзҳои кишварашро пушти сар гузошт ва ба бозори мусиқии густурдатари форсӣ роҳ ёфт.
 
Садриддин дар соли 2003 ба Дубай сафар кард. Ва чун аз кайфияти намоҳанг (клип)-ҳояш дили хўше надошт, чанд намоҳанги тозаро дар Дубай филмбардорӣ кард. “Зиндагӣ чунине” аз ҷумлаи таронаҳои маҳбуби ҳамон давра аст. Пахши ин таронаҳо аз тариқи шабакаҳои мусиқии PMC ва Pars-video бар шуҳрати ў афзуд ва заминаи ҳамкории ў бо ҳунармандони саршиноси эронӣ ва афғонистониро фароҳам кард. Дар воқеъ, Садриддин нахустин овозхони тоҷик аст, ки оҳангҳояш аз тариқи ин шабакаҳои телевизюнӣ пахш шудаанд.
 
Ошноии Садриддин бо Куҷӣ Зодурӣ, таҳиякунандаи эронии намоҳангҳо дар Лус-Онҷелес дар ҷараёни сафараш ба Амрико ҳунари Садриддинро дар миёни форсизабонон беш аз пеш матраҳ кард. Ҳамкории ў бо Зодурӣ тағйиротеро ҳам дар зоҳир ва ҳам дар таронаҳои ў дар пай дошт. Дигар Садриддин дар намоҳангҳояш бо сурати софу тарошида ва мўйи кўтоҳ зоҳир намешуд, балки бештар ба сабки овозхонони попи Лус-Онҷелес мўйи баланду таҳриш дошт. Гўиши тоҷикии ў ҳам дар таронаҳояш ҷойи худро ба гўйиши теҳронӣ дод.
 
Тағйири гўиш Садриддинро дар миёни маҳофил маҳбубтар кард, аммо дар сарзамини модариаш аз маҳбубияташ андаке кост; шояд ба далели ин ки дигар лаҳни ў дар оҳангҳояш равону табиъӣ ба гўш намерасид ва тасаввуреро эҷод мекард, ки хонанда бо мулоҳизоти бозаргонӣ баиҷбор ва ба таври маснўъӣ гўишашро тағйир додааст. Эҳтимолан, гилояҳои матбуъотӣ ва суҳбатҳои хиёбонӣ дар мавриди ин таҳаввул боъис шуд, ки Садриддин дубора ба гўиши табиъии тоҷикиаш овоз бихонад. Аммо гўиши теҳронӣ дар миёни ҳунармандони Тоҷикистон ҳамчунон маҳбуб аст ва Садриддин ҳам гоҳ-гудоре аз ҳар таронааш ду гузина таҳия мекунад, ки яке теҳронӣ ва дигаре тоҷикист.
 
Акнун ҳам бисёре дар Тоҷикистон Садриддини Наҷмиддинро беҳтарин овозхони марди саҳнаи попи ин кишвар медонанд ва олбумҳои ў ҷузъи пурфурўштарин  таронаҳои попи Тоҷикистон аст.

Садриддини Наҷмиддин рўзи 10 январи соли 1980-и мелодӣ дар шаҳри Душанбе ба дунё омад ва дар соли 1997 вориди Донишгоҳи Ҳунарҳои Зебои ин шаҳр шуд. Аммо машғалаҳои ҳунарӣ ва шуҳрати фарогираш иҷоза надода, ки то кунун таҳсилоташро тамом кунад.
 
Дар гузориши мусаввари ин сафҳа, ки Зеваршоҳ Муҳаммадов дар шаҳри Душанбе таҳия кардааст, Садриддини Наҷмиддин аз зиндагӣ ва ҳунараш мегўяд.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.