Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Арабистони бостон дар Порис
Элини Наҷмӣ

Барпоии нахустин намоишгоҳ аз мероси Арабистони бостон бо номи “Роҳҳои Арабистон” кори осоне набудааст. Чаро ки нишон додани 300 асари бостонӣ, ба вежа тандисҳо, дар канори мероси дигар тамаддунҳо дар музеи торихии Лувр дар Порис барои мақомоти саъудӣ ниёз ба марзшиканиҳои бисёр дошта ва холӣ аз душворӣ набудааст.

Бахше аз душвории бархурд бо мероси бостонии Арабистон ба мароми подшоҳии саъудӣ бармегардад, ки бар пайванди миёни Муҳаммад Абдулваҳҳоб – бунёдгузори ваҳҳобият ва Муҳаммад ибни Саъуд устувор шудааст. Кишвари Арабистони Саъудӣ номи худро аз ҳамин Муҳаммад ибни Саъуд гирифта, ки падари Абдулъазиз ибни Саъуд ва падарбузурги подшоҳи кунунии ин кишвар буд. Ваҳҳобиҳо дар қарни ҳаждаҳум дар Арабистони кунунӣ нуфузи худро густариш доданд ва пас аз он буд, ки бо кумаки онҳо Арабистони Саъудӣ таъсис шуд. Онҳо бо ҳар гуна намоде, ки офаридаи башар буд, ба мубориза бархостанд ва бисёре аз осори бостонӣ ва ҳатто маконҳову қабрҳои мазҳабиро аз байн бурданд.

Бегумон, баргузории ин намоишгоҳ дар хориҷ нишон медиҳад, ки подшоҳии саъудӣ аз як сӯ, аз барафрӯхтани хашми бунёдгароёни мазҳабӣ бим дошта ва аз сӯи дигар, кӯшидааст, то ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки танҳо конуни тундравони мазҳабӣ нест ва торихе пурифтихор ва ситоишангез дорад.

Сарзамине, ки дар тӯли садаҳо бо иттико бар тиҷорат, ба вежа тиҷорати кундур (чӯби хушбӯ), бо фарҳангҳои гуногуни импротуриҳои атроф меомезад ва бино ба гуфтаи масъули намоишгоҳ, на танҳо муваффақ мешавад ин фарҳангҳоро рӯи хокаш парвариш диҳад, балки бо баҳрагирӣ аз ин фарҳангҳо фарҳанги вежаи худро низ падид меоварад.

Ба ин шакл, дар ин чаҳорроҳи тиҷорӣ ва фарҳангӣ дар минтақа марказҳои аслии искони ҷамъият, чи маҳалли зиндагии як қабила ва чи пойтахти як ҳукумат, дар канори ин ҷоддаҳо шакл гирифтаанд ва намоишгоҳ кӯшидааст бо баҳрагирӣ аз ин омили ваҳдатбахш раванди масири хешро бо таваққуфгоҳҳои умда дар ин ҷоддаҳо танзим кунад.

Ин масир бо даврони пеш аз торихи Арабистон ва се санги қабри инсоншакл (аз севумин ҳазораи пеш аз мелод, мероси асри брунз) оғоз ва бо суфолинаҳои ҷазираи Торут, ки нуфузи ҳунари эрониёнро дар ин хитта аз Арабистон бахубӣ нишон медод, пай гирифта шуда буд.

Радди пои намодҳои Эрони бостонро метавон бахубӣ дар бақоёи Таймо низ мушоҳида кард; ба вежа дар Мукаъаб-ул-ҳамро ва намодҳои нақши барҷастаи осмонию мазҳабиаш. Гарданбандҳо ва дастбандҳои сохташуда аз садаф, ки гардану дастони занони Арабистонро оростаанд низ ёдгори Таймо буданд.

Аммо ин подшоҳии Лаҳён аст, ки бо се муҷассамаи ғӯлпайкари сурхрангаш ғарибтарин бахши намоишгоҳро шакл медод. Батақриб, бақоёи Лаҳён ҳама аз моса (рег)-и санги сурхранг ҳастанд, ки ин зебоии онҳоро дучандон мекард.

Қарияи Алфов, марҳалаи баъдии ин саёҳат, маҷмӯъае бас мутанаввеъ дар баробари дидагони боздидкунандагон қарор дод. Аз бухурдони оҳакӣ ва меҳроб бо самбулҳои осмонӣ ва нахли хурмо гирифта то сутуни сангии ёдбуди зани мунаққаш бо ду чашми гирд; теъдоде “ҳорпукрот” (Harpocrate)-и юнонӣ ё Ҳурус (Horus) – бачахудои сукут дар Мисри бостон. Ба ин муҷассамаҳои брунзӣ бояд ашёи брунзии бисёр хушсохтро низ илова кард. Қарияи Алфов ҳатто осоре аз шишагарӣ низ дар худ ҷой додааст.

Бо ин ҳама, мизони калимаҳои ҳамчунон нохондашудаи катибаҳои ин бахш ва бахшҳои дигар хабар аз ҷавонии бисёри бостоншиносӣ дар сарзамини Арабистон медиҳад.

Аз бақоёи қабри ковишшудаи духтари шашсолае аз даврони подшоҳии Соҷ (Thâj) маҷмӯъаи комиле аз ҷавоҳироту тазйиноти тилоӣ (чун дасткаш, моск, гардановез ва ғайра) ба даст омада, ки нишон аз тағйири муносибот ва маносик дар ин даврон доранд.

Ва саранҷом, ин дини ислом аст, ки аз роҳ мерасад ва бо фаро расиданаш дигар камтар метавон кӯчактарин асаре аз пайкараҳои инсонӣ дар бақоёи торихӣ ёфт.

Муҳимтарин осори ба намоиш даромада дар ин қисмат маҷмӯъаи пуру паймон ва ҷаззобест аз санги қабрҳои даврони исломӣ, ки мутолеъаи дақиқи онҳо метавонад иттилоъоти бисёре дар ихтиёри пажӯҳишгарон қарор диҳад.

Раванди гузар аз бахшҳои гуногуни намоишгоҳи “Роҳҳои Арабистон” бо намоиши аксҳои бузурги сиёҳу сафед, ки шароити ҷуғрофиёии ин сарзаминро нишон медиҳанд, мавзун шудааст.

Ба гуфтаи Ҳонрӣ Луйрет (Henry Loyrette), мудири музеи Лувр, хонадони Саъудӣ алоқаи пойдоре ба музеи Лувр иброз мекунанд, ки кумаки молии саховатмандонаи шоҳзода Валид барои сохтани толорҳои ҷадиди бахши ҳунари исломӣ дар ин музе нишонаи боризи ин таваҷҷуҳ шумурда шудааст. Пас пур бероҳ нахоҳад буд агар дар ояндае начандон дур боз ҳам шоҳиди баргузории намоишгоҳҳои дигаре аз саъудиҳо дар ин музе бошем.

Намоишгоҳи “Роҳҳои Арабистон” (Routes d’Arabie) дар музеи Луври Порис дар рӯзи 27 септомбр ба поён расид.

Тавзеҳоти бештар дар мавриди ин намоишгоҳро метавонед дар гузориши мусаввари ин сафҳа ҳамзамон бо мушоҳидаи бахше аз осори он аз забони Биётрис Ондре Солвинӣ, мудири бахши Ховари Бостони Лувр ва яке аз чаҳор сарпарасти ин намоишгоҳ, бишнавед.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.