Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Эй ҷони ман асират…
Қамари Аҳрор

Агар дар ҷустуҷӯгари Google номи “Боймуҳаммад Ниёзов”-ро ба хатти сириллик ҷустуҷӯ кунед, баногузир матолибе ҳосили ҷустуҷӯятон хоҳад буд, ки ҳамагӣ марбут ба Таҳмина Ниёзова, барандаи мусобиқаи мусиқии попи кишварҳои Шӯравии пешин дар соли 2008 аст. Таҳмина Ниёзова акнун ҳам аз хонандагони матраҳи мусиқии ғарбӣ дар Тоҷикистон аст ва таронаҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, русӣ ва инглисӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон мудом пахш мешавад.

Аммо далели ин тасодуфи “гуглӣ” нисбати Таҳмина Ниёзова бо Боймуҳаммад Ниёзов аст, ки аз саромадони мусиқии клоссики тоҷик дар садаи бистуми мелодӣ буд. Таҳмина нава (набера)-и писарии Боймуҳаммад Ниёзов аст. Устод Боймуҳаммад, ки дар соли 1927 ба дунё омад ва ҳаштоду ду сол зист, хидмате барои мусиқии Тоҷикистон кардааст, ки шояд дар ҳеч навъ мусобиқаи мусиқӣ натавон онро арҷгузорӣ кард. Вай зимни нутнигории мусиқии суннатии тоҷик мавсум ба “Шашмақом” оҳангҳое аз худ ба ҷой гузошт, ки ба намунаҳои асили мусиқии суннатӣ табдил шуд ва дар набарди кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Узбакистон бар сари варосати “Шашмақом” нақши калидӣ дошт.

Таронаи "Бути нозанин" бо садои Таҳмина Ниёзова, наваи Боймуҳаммад Ниёзов
Бисёре аз мусиқидонони Тоҷикистон бар онанд, ки мусиқии суннатии ин кишварро бояд аз таъсири мусиқии туркию муғулӣ полуд. Бавижа ларзишҳои овоии бархе аз хонандагони “Шашмақом” баночор шунавандаро ба ҷаҳони мусиқоии чинию муғулӣ мекашонад. Ва бо таваҷҷуҳ ба торихи сарзамини Осиёи Миёна чунин ларзишҳо ва тобишҳое аз мусиқии бумии ин хитта баъид нест. Аммо Боймуҳаммад Ниёзов бо пофишорӣ ба асолати тоҷикии мусиқии “Шашмақом”, ки аз номи он ҳам бармеояд, дар тӯли зиндагии ҳунарии худ бо беш аз 200 суруду таронае, ки хонда ва забт кардааст, талош кард асолати тоҷикии онҳоро ба субут бирасонад. Ҳосили кори ӯ ин буд, ки мусиқидононе чун Лола Толис мусиқии суннатии Боймуҳаммад Ниёзовро аз “Шашмақом”-и мутадовил дар минтақаи Осиёи Миёна муҷаззо донистанд ва ангоштанд, ки Ниёзов бо такя ба решаҳои ин навъи мусиқӣ овоз мехонад.

Иҷрои мунҳасир ба фарди Боймуҳаммад Ниёзов боъис шуд, ки ӯро ба толорҳои бошукӯҳи Маскав ва Ленингрод (Сан-Петерзбург) ва сипас Афғонистон фаро хонанд ва шоҳиди иҷрои офаридаҳое бошанд, ки ба қавли Ниёзов, аз дили торих бармеомад ва саропо тоҷикӣ буд ва ба гӯши шунавандагонаш номаънус, аммо дилнишин.

Таронаи "Эй ҷони ман асират" бо иҷрои Боймуҳаммад Ниёзов
Боймуҳаммад Ниёзов дар маконе рустоӣ дар шимоли Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва дар хилвати худ тозаҳоеро вориди мусиқии куҳани тоҷикӣ мекард. Вай дар яке аз охирин гуфтугӯҳояш бо БиБиСии форсӣ торихи эҷоди яке аз боризтарин офаридаҳояш дар даҳаи 1950 мелодиро чунин таъриф мекунад:

“Китоберо аз ғазалиёти Мушфиқӣ мехондам ва чанд шеърро хондаму хобам бурд. Субҳи зуд дос дар даст ба дарави алаф рафтам ва ҳамон шеърро замзама мекардам ва дарёфтам, ки мусиқии муносибе барои ин шеър пайдо шуд. Досро дур андохтаму давидам сӯи хона ва дастгоҳи забтро равшан кардам ва рубобамро бардоштаму таронаи “Эй ҷони ман асират”-ро хондам. Чанд рӯз баъд дар теотри Пушкини шаҳри Хуҷанд ин таронаро иҷро кардам ва шунавандаҳо писандиданд. Баъд аз он буд, ки таронаро барои родюи Тоҷикистон забт кардам, ки ҳанӯз ҳам пахш мешавад”.

Мегӯянд, ки Аҳмад Зоҳир, пуровозатарин овозхони Афғонистон, ин оҳангро бори нахуст аз тариқи родюи бурунмарзии Тоҷикистон бо овози Боймуҳаммад Ниёзов шунида ва ба он дил бохта буд. Ва сипас бо дасткорӣ дар мусиқии он “Эй ҷони ман асират” ба яке аз маҳбубтарин таронаҳои Аҳмад Зоҳир табдил шуд.

Сайри торихии ин ғазали Мушфиқӣ идома дошт ва то ба поёни садаи бистум расид ва Муборакшоҳи Мирзошоҳ, аз овозхонони маҳбуби мусиқии мардумии Тоҷикистон, онро бо дасткории ҷузъӣ табдил ба оҳанге мудерн кард ва бозхонд. Имрӯза реша ва асолати мусиқоии ин тарона фаромӯш шуда, аммо “Эй ҷони ман асират” дар Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон аз таронаҳои маҳбуб аст.

Боймуҳаммад Ниёзов аз худ шогирдони баноме баҷо гузоштааст, ки унвонҳои расмии бамаротиб бартар аз ӯ дарёфт кардаанд ва шинохташудатаранд; ба монанди Ҷӯрабеки Мурод, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Мастона Эргашева, ҳунарманди мумтози Тоҷикистон, ки ҳар ду аз маъруфтарин овозхонони Тоҷикистонанд. Аммо дар маросими ёдбуди ӯ дар соли 2009 пайдо буд, ки ёду номи устод дар дилу зеҳни шогирдони номовараш ҷовидона зинда аст.

Дар гузориши мусаввари ин сафҳа муруре дорем бар зиндагии созандаи ин оҳанги ҷовидона, зиндаёд Боймуҳаммад Ниёзов.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.