Jadid Online
جدید آنلاین
درباره ما تماس با ما Contact us About us
Ойхонум, моҳбонуи Ховар
Ораши Дӯстор

Вақте аз мардуми шаҳри Ойхонум дар бораи номи шаҳрашон бипурсед, мегӯянд, дӯшизае буда бо ҳамин ном, ки дар зебоию дилрабоӣ шуҳраи шаҳр буда, ҳазор марди шергир дар каманди гесӯяш ва ҳазор дили бетоб бо новаки мижгонаш дар хун. Зебоии ӯ чунон хиракунанда буда, ки касро ёрои нигоҳ кардан ба чеҳрааш набуда ва мардуми шаҳр акси ӯро бар рӯи моҳ медидаанд ва аз ин рӯ ӯро “Ойхонум” ё “Моҳбону” хитоб мекарданд. Се шоҳзодаи ҷаҳонгушои бохтарӣ ҳам дилбохтаи ӯ буданд. Ҳар як аз онҳо барои висолаш дил медоданду ҷон месупурданд. Дар ниҳоят яке аз шаҳзодагон Ойхонумро мерабояд ва бо қоиқе, ки шерҳо онро ба дӯш мекашидаанд, аз рӯди Омӯ убур мекунад ва дар ҷое барои маъшуқаи турки хеш қалъае месозад ва маъшуқаро дар он пинҳон мекунад. Ва саранҷом ин шаҳр ба номи маъшуқаи ӯ мусаммо мешавад.

Ин яке аз афсонаҳои оммиёнаест, ки дар мавриди Ойхонум вуҷуд дорад. Иддае ҳам ваҷҳи тасмия (номгузорӣ)-и ин шаҳрро баргирифта аз Селин / Луно (Selene / Luna), илоҳаҳои асотирии маҳтоби Юнон ва Руми бостон, медонанд ва дигарон ҳам онро ба Оноҳито, илоҳаи бостонии ишқу зоиш ва маҳтоби Эрони бостон, нисбат медиҳанд.

Ривоёти торихӣ ҳикоятгари онанд, ки пас аз таъсиси ин шаҳр шаҳзодагону ҷаҳонгушоёни зиёде ба орзуи ёфтани маҳбонуҳояшон ба ин шаҳр омаданд ва гоҳ шаҳрро зерурӯ карданд ва иддае ҳам тарҳҳои нав рехтанд ва шаҳрҳои ошиқонаи нав бино ниҳоданд. Иддае низ, бо таваҷҷуҳ ба иқомати устураии Искандар дар ин шаҳр, онро Искандарияи Омӯдарё ё Искандарияи Уксиёно мегӯянд, ки Батлимуси ҳаким низ гуфтааст, ки Искандар онро дар ҳудуди се қарн қабл аз мелод бино ниҳодааст; аммо дақиқан равшан нест, ки оё манзур ҳамин шаҳри Ойхонум буда ё шаҳри Тирмиз, ки дар он сӯи об дар Узбакистони кунунӣ воқеъ аст. Шояд ҳам Ойхонум ба давраи баъд аз Искандар ва шаҳри Укротидиё баргардад, ки ба номи Укротид (Eucratides), шоҳи Юнон-Бохтарӣ мусаммо будааст. Вале ба ҳар ҳолаташ, Ойхонум нисбате гусастнопазир бо зебоӣ ва ишқу висол доштааст.

Шаҳри бостонии Ойхонум дар шимоли Афғонистони кунунӣ дар шаҳристони Дашти Қалъаи устони Тахор дар пайвандгоҳи рӯдҳои Омӯ (Ҷайҳун) ва Кӯкча воқеъ аст. Дар Афғонистони кунунӣ ҳам “Ҷайҳун” номест, ки ба мардон итлоқ мешавад ва турктаборони савоҳили Омӯ ҳам ба духтаронашон номи “Кӯкча”-ро мегузоранд, ки “кӯк” маънои ранги обии осмониро дорад ва намоди зебоии мутаъолӣ ва ишқи осмонист. Ва Ойхонум ҷоест, ки ин ду, яъне Ҷайҳун ва Кӯкча, ба ҳам васл мешаванд ва ишқашон то абад дар дили кӯҳҳои осмонбӯси Осиёи Миёна ҷорӣ мешавад.

Шояд ҳам ҳамин намодинагии ин ноҳия буда, ки лашкариёни Искандарро барои баргузидани ин маҳал барои сохтани як шаҳри нав водоштааст. Шаҳри Ойхонум дар тӯли қарнҳои мутамодӣ нопадид буд ва бостоншиносон дунболи яке аз шаҳрҳои нопадидшудаи Искандар дар савоҳили рӯди Омӯ мегаштанд, то дар ниҳоят дар солҳои 1960 дар замони салтанати Муҳаммад Зоҳиршоҳ, охирин подшоҳи Афғонистон, ин шаҳр бар ҳасби тасодуф пайдо шуд. Кашфи ин шаҳр бостоншиносони фаронсавиро ба ин минтақа кашонд, то ковишҳои илмиро дар ин минтақа оғоз кунанд. Дар ниҳоят аз осори торихии бадастомада аз Ойхонум ин амр собит шуд, ки Ойхонум яке аз шаҳрҳои муҳимми юнонӣ-бохтарӣ будааст.

Шаҳр шакли сегӯшеро дорад, ки аз ду тараф бо об иҳота шуда ва самти севуми он ҳам ҷойгоҳи баландест, ки бурҷу боруи асосии шаҳрро ташкил медодааст. Шаҳр дар иртифоъи он теппа қарор дорад ва тамомии манотиқи атрофро мешавад аз онҷо зери назар дошт. Ва дар фосилаи начандон дур аз он кӯҳҳои лоҷварду зумурруди Бадахшон мавқеъият дорад.

Меъмории шаҳр омезае аз ҳунари юнонӣ, эронӣ, ҳиндӣ ва дигар ҳунарҳои роиҷ дар минтақа аст; намоде аз имтизоҷи фарҳангҳои ховарию бохтарӣ дар як шаҳри ормонӣ. Шаҳре, ки қаср дар маркази он буд ва биноҳои дигаре чун ниёишгоҳ, девони ҳукуматӣ, омфитеотр, мадраса ва варзишгоҳ ва низ дижи юнонӣ ҳам дошт. Ин диж дорои бурҷҳо ва сутунҳои баланди озиншуда ба сабки Юнони бостон буд.

Дар ниёишгоҳ, ки бештар бар асоси тарҳи меъмориҳои Осиёи Миёна ва Байнаннаҳрайн сохта шуда, худоёни юнонӣ парастиш мешудаанд, ки ин худ намоёнгари омезиши фарҳангҳои гуногун дар ин минтақа аст. Дар катибае сангӣ, ки гумон меравад девори мақбараи Кениёс бошад, ки гӯё ӯ бунёнгузори ин шаҳри юнон-бохтарӣ будааст, ин ҷумалоти ҳакимона ҳак шудааст:

“Дар туфулият муаддаб бош.
Дар ҷавонӣ ба нафси худ ҳоким бош.
Дар бузургсолӣ одил бош.
Дар пирӣ мушовири хуб бош.
Ва чун марг ба суроғат омад, гила макун!”

Осори бадастомада аз ин шаҳр маҳорати меъморони сабки ҳунарии юнонӣ, эронӣ ва ҳунарҳои маҳаллиро ба намоиш мегузорад, ки ҳар кадом монанди хатту имзои ушшоқест, ки дар пайкари ин шаҳри ишқу висол ба ҷо мондааст ва ҳама ба азамату шукӯҳи Ойхонум, ин арӯси зебои бохтарии Ховар дар асру замони худаш, афзудааст.

Бар асоси шавоҳиди торихии бадастомада аз ин шаҳр, Ойхонум дар гузашта низ дастхуши вайрониҳои фаровон ва оташсӯзиҳои азиме шуда, ки бадани ин арӯси зеборо масдум кардааст.

Бо дар гирифтани оташи ҷангу вайронӣ, ки дар даҳаҳои гузашта бар Афғонистон рафт, мардум ба сару сурати Ойхонум уфтоданд ва дили ин арӯси зеборо бо бераҳмии тамом канданд. Бадани ӯро тикка-тикка карданд. Мардуми шаҳр ҷаҳизияҳои арӯсро ғорат карданд ва қочоқчиёну дуздон бадани маҷрӯҳи ин арӯси зеборо дар бозорҳои ҷаҳон ба ҳароҷ гузоштанд.

Имрӯз аз он шукӯҳу азамат танҳо як майдони мамлув аз гавдолу ҳуфра (сӯрох)-ҳои ваҳшатнок мондааст, ки бештар аз як шаҳри устураӣ гӯристонеро дар зеҳни инсон муҷассам мекунад. Шояд гӯри нопайдои Ойхонум.

Албатта, бо ҳиммати коркунони Музеи миллии Кобул шуморе аз ин осор аз чанги ҳаюлои ҷангу вайронӣ дар амон монд, ки имрӯз дар музеҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта мешавад ва зебоии Ойхонум бори дигар чашми ҳар бинандаро навозиш мекунад.

Шояд ҳам бори дигар шаҳзодагоне дилбохтаи ӯ шаванд ва ба орзуи висоли маъшуқаҳояшон шаҳри ҷадидеро бино гузоранд, ки пайвандгоҳи ишқ бошад ва намоди хираду зебоӣ.


Ирсоли матлаб
Home | About us | Contact us
Copyright © 2024 JadidOnline.com. All Rights Reserved.
نقل مطالب با ذكر منبع آزاد است. تمام حقوق سايت براى جديدآنلاين محفوظ است.